Рубрики Хабарҳо

Таъсиси бунёди Бузургмеҳр Ёров дар Аврупо

Дар Аврупо Бунёди Бузургмеҳр Ёров таъсис ёфт.  Ин бунёд дар Полша, кишваре, ки Ҷамшед Ёров, бародари адвокати зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров онҷо паноҳанда аст, амал хоҳад кард. 

Худи Ҷамшед Ёров дар ин бора дар саҳифаи фейсбукиаш навишта гуфт Бунёди Бузургмеҳр Ёров, дар самтҳои

— Таҳлил ва баёни сабабҳои аслии боздошт ва зиндонӣ шудани маҳбуси сиёсии тоҷик Бузургмеҳр Ёров ва мусоидат намудан барои ҳар чӣ тезтар озодшавии ӯ;

— Фарогирии парвандаҳо ва ҳимояи ҳамаи маҳбусони сиёсӣ дар Тоҷикистон, инчунин ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои аъзои оилаи онҳо.

— Мониторинги вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

— Дастгирии ҳуқуқӣ ва моддӣ ба шахсоне, ки дар натиҷаи вайрон кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ зарар дидаанд;

— Мусоидат барои баланд бардоштани маърифат ва донишҳои ҳуқуқӣ дар байни аҳолии Тоҷикистон

— Мубориза бо шиканҷа ва саҳмгузорӣ дар ислоҳоти низоми иҷрои ҷазо дар Тоҷикистон ва ғайра фаъолият хоҳад кард.

Бузургмеҳр Ёров моҳи сентябри соли 2015 боздошт ва ба 28 соли зиндон маҳкум шудааст. Мақомоти Тоҷикистон ангезаҳои сиёсӣ доштани парвандаи Ёровро рад мекунанд ва мегӯянд, ӯ барои ҷиноятҳое, чун қаллобӣ маҳкум шудааст. Аммо ҳомиёни ҳуқуқ Бузургмеҳр Ёровро маҳбуси сиёсӣ меноманд ва озодии ӯро аз Тоҷикистон талаб доранд. Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал низ озодии Ёровро аз Тоҷикистон талаб кардааст.

Дар эъломия омадааст, ки Бунёд ба ифтихори маҳбуси сиёсии тоҷик, фаъоли ҳуқуқи башар ва ҳуқуқшинос, барандаи ҷоизаи Файзинисо Воҳидова-2019, ҷоизаи Homo Homini -2019 ва барандаи дипломи ҷоизаи Вацлав Ҳавел-2019 Бузургмеҳр Ёров таъсис ёфтааст.

БУНЁДИ БУЗУРГМЕҲР ЁРОВ аз тарафи наздикону дӯстони маҳбусони сиёсии тоҷик, инчунин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва дигар кишварҳо таъсис дода шудааст.

БУНЁДИ БУЗУРГМЕҲР ЁРОВ ташкилоти сиёсӣ нест. Гуфта шудааст, ки ин бунёд бо ягон ташкилоти ҷамъиятӣ, ки ягон ҳадафи сиёсиро пеш мегирад, вобаста нест.

Барои ҳамкории судманд ва мутақобила бо ташкилотҳо, муассисаҳо ва шахсони ҳуқуқи башар, ки ҳадафҳои Бунёдро муштараканд, боз аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *