Хадамоти амниятии Гурҷистон аз кушта шудани Аҳмад Чатаев, тарроҳи ҳамлаи террористӣ ба фурӯдгоҳи Отатурки Истамбул дар ҷараёни амалиёте дар 21 ноябр дар Тифлис хабар дод.
Нино Георгибяни, раис иртибототи мардумии Хадамоти амнияти давлатии Гурҷистон дар як нишасти хабарӣ эълом кард: Аҳмад Чатаев, тарроҳи чечени ҳамлаи террористӣ ба фурӯдгоҳи Отатурки Истамбул бо лақаби «Якдаста» дар ҷараёни амалиёти 22 соата дар 21 ноябр дар Тифлис ба ҳалокат расид.
Ба гуфтаи вай дар ин амалиёт ду террористи дигар низ тавассути нирӯҳои амниятии Гурҷистон кушта шуда ва Чатаев дар ин амалиёт худкушӣ кардааст.
Таҳқиқот барои шиносоии ҳуввияти террористҳои кушташуда ва афроди муртабит бо онон, бо ҳамоҳангии Амрико сурат мегирад.
Пештар Вахтонг Гамлоури, раиси Хадамоти амниятии Гурҷистон низ аз эҳтимоли кушта шудани Чатаев дар амалиёти 21 ноябр дар Тифлис хабар дода буд.
Гуфтанӣ аст, дар ҳамлаи террористии ДОИШ ба фурӯдгоҳи Отатурки Истамбул дар таърихи 28 июни 2016 46 нафар кушта ва 163 нафар низ захмӣ шуда буданд.
Чатаев 37 сол дошта зодаи Чеченистон аст. Тибқи маълумоти гуногун, ӯ баталёни фароҳамшуда аз русзабонҳоро бо номи “Ярмук” дар ДОИШ раҳбарӣ мекард.
Ӯ тибқи гуфтаи худаш аз як дасташ дар натиҷаи шиканҷаҳои шадид дар зиндони Русия маҳрум шудааст.