Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия дирӯз, панҷшанбе, 17 ноябр гуфт, ки “на Амрико на Русия аз силоҳи атомӣ истифода нахоҳанд кард.” Вай ин суханонро дар вокуниш ба нигарониҳо аз эҳтимоли истифода яке аз ин ду кишвар аз силоҳи ҳастаӣ ироа кард.
Урдуғон гуфт: “бар асоси иттилооте, ки аз раиси Созмони иттилоот дарёфт кардам, ҳеҷ кадом аз ду тараф Русия ва Амрико аз силоҳи ҳастаӣ истифода нахоҳанд кард.”
Уилям Бёрнс, раиси Ожанси иттилооти марказии Амрико, СИМ ва Сергей Наришкин, ҳамтои руси ӯ ибтидои ҳафта дар Анқара, пойтахти Туркия бо якдигар дидор карданд.
Дар ин мулоқот Бёрнс нисбат ба истифодаи Русия аз силоҳи ҳастаӣ ва паёмадҳои он ба ҳамтои рус худ ҳушдор дода буд.