11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

 Русия ҷойгоҳи худ дар бозори хадамоти фазоиро аз даст медиҳад?

  Рӯзи сешанбе, 28 ноябр мушаки «Союз-2.16» барои дуввумин бор аз пойгоҳи фазоии «Восточний» ба фазо партоб шуд. Дмитрий Рогозин, муовини нахуствазири Русия ва Игор Комаров, раис ниҳоди фазоии «Роскосмос» дар ин робита дар маҳал ҳузур ёфта буданд.

Ду мақоми баландмартаба қабл аз партоб аз коркунони ҳавза ба хотири фароҳамсозии хуби шароит қадрдонӣ карданд. «Коре, ки анҷом дода шуд, бо сифати худ анҷом дода шуд» — гуфт Комаров. Дап ин бора шабакаи русии “РБК” хабар додааст.

Вале мушаки «Союз» натавонист моҳвора ҳавошиносӣ «Метеор-М»-ро ба мадор интиқол диҳад. Сарнавишти ин моҳвора маълум нест. Тибқи як фарзия, моҳвора дар мадор нодуруст қарор гирифта, тибқи фарзияи дигар ба уқёнус афтодааст. Коркунони масъули ҳидояти парвоз мегӯянд, масъала бо нуқси фаннӣ дар яке аз бахшҳои «СоСергей Пехтерев, раиси ширкати мудирияти моҳвораи Altegro Sky мегӯяд, агар ин иттифоқ рух намедод, соли 2017 метавонист аввалин соли бидуни сониҳа пас аз сониҳаҳои солҳои гузашта дар бахши фазоии Русия бошад. Вай хотирнишон мекунад «сониҳа нишон медиҳад ба рағми ҳама кӯшишҳои тими ҷадиди “Роскосмос”, мушкилоти мавҷуд дар саноеъи фазоӣ ҳалу фасл нашудааст».

Вай оиди ақибатҳои ин кам шудани ҷойгоҳи Русия дар бозори хадамоти фазоӣ сухан меронад. Рақобат дар ин бозор тайи солҳои гузашта ба таври эҳсосшаванда шиддат ёфтааст. Коршинос хотирнишон мекунад, мушаки «Союз» мушаки аслии барномаҳои фазоии сарнишиндори Русия мебошад ва агар маълум шавад ин мушак нуқси фаннӣ дорад, масъала бар партобҳои ояндаи Русия ва расондани маҳмула ба истгоҳи фазоии байналмилалӣ асари манфӣ хоҳад гузошт.

Тибқи омори мундариҷ дар мақола, Русия соли гузашта 2 партоби тиҷорӣ дошта, дар ҳоле, ки Иёлоти муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо ҳар кадом 11 партоби фазоӣ доштаанд.

در باب ترس

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *