Дар боби тарс
Оҳиста ва нимшунаво, — чи ин сухан на барои ҳар гўш буд, ва ҳам намехостам ба касоне, ки мехоҳанд бихобанд, халал расонам — ба Рашиди Аъзам гуфтам: тарс, воқеан, аз бузургтарин неруҳо дар таърихи банӣ Одам будааст; аммо неруи бузургест, ки барангезанда нест, ба ҳаракат намеоварад, балки дасту поро мебандад, аз ҳаракат бозмедорад, ҳамин тарси лаънатӣ аст, ки тўдаҳои мустаманду мазлуми бешуморро дар баробари як гурўҳи хурди золимону мустабидон ба заъифони бечораи бедаступо бадал месозад, чунонки барра дар баробари гург ва муш дар муқобили мор. Тарс шояд танҳо эҳсосе бошад, ки одамонро мутафарриқу пароканда мекунад, ҷисман не, баръакс ҷисман онҳо ба ҳам меоянд, ба ҳам љафс мешаванд, чунки инсонҳо дар ҳама ҳол худпараст ҳастанд, оббурда ёр металабад ва хирадманде фармудааст, ки одамон танҳо барои он маргро қабул доранд, ки медонанд ҳама мемиранд, вале ботинан ҳар кас машғули худ аст, ҳар кас муроқиби ҳоли худ аст, ба касони паҳлўяш коре надорад.
Аз замони бачагӣ манзарае дар ёдам нақш баста ва ҳеч фаромўшам намешавад. Зимистон буд ва тағоям ба падарам кас фиристод, ки ду-се рўз маро ба дастёрии ў бигуселонад, чунки чўпони шарикаш зани беморашро ба шаҳр ба дармонгоҳ бояд бибарад ва ў дасттанҳост. Инак шаби дувум аз паси пардаи хоб, гўиё аз дуриҳои дур садои аккоси сагон, баъд аз наздиктар садои тапар-тупури давидани аспонро шунидам ва гумон кардам хоб мебинам. Вале ҳамон лаҳза дар бехи гўшам садои музтариби тағоямро шунидам: «бихез, бихез, зудтар бедор шав». Худаш бе пайтоба чорухашро ба пой кашиду туфангро, ки болои сараш ба девор такя дода гузошта буд, гирифт ва саросема берун рафт. Ман ҳам нимхобу нимбедор, осемасар ҷома пӯшидам, пой ба мӯза кардаму аз дунболаш давидам.
Ба рўйи боми кодок баромадем, ва дар ин ҷо фаҳмидам, ки он чи ба гўши ман тапур-тапури аспон расида буд, садои пойи гўсфандон будааст, ки ҳама баробар аз ин гўша ба гўшаи дигари кодок медавиданд, балки «медавиданд» гуфтан шояд чандон дуруст набошад, онҳоро гўё неруе аз каноре ба канори дигари кодок меафканд, дар торикӣ фақат суробашон дида мешуд, як суроби азими яклахту якпорча, ки сиёҳтар аз торикии шаб буд, суроби азими сиёҳи мутаҳаррик. Ва боз аз миёни ин сиёҳӣ гоҳ аз ин ҷову гоҳ аз он ҷо чанд ҷуфт чашмони дурахшон чун ду фари мошин намудор мешуданду ноаён, падидор мешуданду нонамоён, гўё мошин аз роҳи пурхаму печ ҳаракат мекард ва гоҳ ба сари дунгӣ мебаромаду гоҳи дигар ба хамгашт мефуромад.
Тағоям бо тамоми овоз фарёд мезад, маро ҳам фармуд, ки дод занам, худаш дар фосилаи фарёд карданҳояш ба туфанг тир ҷой мекарду дурудароз нишон мегирифт, чанд лаҳза мунтазир мешуд, то гурге гўсфандеро афканад ва дар ҳамин фосилаи кўтоҳе, ки гург ҷудо аз анбуҳи гўсфандон дандон ба гулўи баррае ё меше фурў мебурд, тир меандохт. Се бор тир андохт ва бори севум тираш ба нишон расид, гурге афтод. Танҳо пас аз ин се гурги дигар бо як хез, пасу пеш худро ба гўшаи боми кодок гирифтанд, аз бом ба замин париданд ва аз нова фуромаданду бо даве оҳиста ва бепарво дур шуданд.
Танҳо пас аз рафтани гургон садои нолиши саг ба гўшамон расид, яке аз сагони хуншорро, ки гургон ҳалқашро хойидаву афканда буданд ва як соат пас мурд, дар назди дари кодок пайдо кардем, саги дигар худро паси ғўти болои кодок кашида буд ва замоне, ки мо пайдош кардем, ҳанўз меларзиду паст-паст менолид. Гургҳо ёздаҳ гўсфандро кушта, ҳафттои дигарро маљрўҳу нимҷон карда буданд, ки тағоям чаҳортояшро ҳамон шаб дар нимаравшании фонус сар бурида, ҳалол кард. Се гўсфанди дигарро ҷароҳаташонро шуста, дору молида бастем ва рўзи дигар ба ду хар бор кардему ман ба деҳ ба соҳибонашон овардам.
Ин манзараро ман зуд-зуд ба ёд меоварам ва чун тарси ҳамагониро мебинам ва ё тарси халқеро дар муқобили қавму қабоили муҳољимашон аз таърихномаҳо мехонам ва ба таҳлил мегирам, ҳамин тарси рамаи гўсфандон дар баробари гургон ба хотирам меояд. Тақрибан ҳеч тафовуте дар байни ин ду тарс вуҷуд надорад, агарче яке ҳайвони беақл аст ва дигаре ашрафи махлуқот, ки ба воситаи доштани ақл бар ҳама офаридаҳои Худо имтиёз дорад ва ҳадди ақалл ин қадар бояст бидонад, ки вай, ки бар ҷонаш меларзад, ба сабаби ҳамин тарс аст, ки мемирад, кушта мешавад, ҷон медиҳад. Аммо шояд сабаб он бошад, ки вақте ки тарс ба одамӣ мусаллат мешавад, инсон қобилияти андешиданро гум мекунад, инсон низ ба махлуқи беақл, ба махлуқе саросар иборат аз эҳсоси тарс, ки дасту пояшро мебандад, аз ҳаракат бозмедорад, табдил меёбад? Намедонам, ба дурустӣ, ки намедонам, агарчи дар ин бора зиёд андешидаам.
— Бале, ман ҳам дар ин боб андешидаам, — гуфт Рашиди Аъзам, — ман ҳам қоил ҳастам, ки воқиаю ҳодисаҳои фољиаангези таърих дар амри амиқ реша давонидани эҳсоси тарс дар ботини мардуми мо саҳм доранд, вале гумон намекунам, ки тарс бо беақлӣ иртибот дошта бошад, баръакс шуҷоату ҷасорати ифротист, ки дар бештар маврид пайванд бо заъфи ақл дорад.
Шуҷоати даркшуда, яъне шуҷоате, ки пайванд бо хираду дониш дорад, бо шуҷоати ваҳшиёна тафовут дорад. Шуҷоатҳои тавъам бо ваҳшонияту даҳшатафканӣ асосан хоси қавму қабилаҳоест, ки аз марҳалаи табиъии инкишоф ба марҳилаи рушди тамаддун ворид нашудаанд ва баръакс халқҳои мутамаддин, ки дар ҳама буъди зиндагиашон аз ақл кор мегиранд, басо аз шуҷоати марҳилаи табиъии инкишофи худро аз даст медиҳанд.
Ин аст, ки ҳамеша дар тўли таърих тамаддун дар чанги таъаррузи даҳшат ва зўр будааст, халқони соҳибтамаддун мақҳури қавмҳои ваҳшисурат будаанд. Тарс вокуниши табиъии инсони соҳибақл дар баробари сўхторҳо, тахрибкориҳо, кушторҳост, чунонки Офаридгор ба кашаф санги пушташро, ба оҳуву харгўш пойи давандаашонро, ба бўқаламун қобилияти ранг иваз карданро дода, то худро аз душманонашон эмин нигоҳ доранд. Агар ҳамин тарс набуд бисёр халқҳои олам шояд наметавонистанд худро то ба имрўз зинда бирасонанд, аз қарнҳо қабл нобуд шуда буданд. Ҳеч қавмеро аз таърих намешиносем, ки ба маҳзи тарсуї аз байн рафта бошад, баръакс чандин халқҳоеро медонем, ки на камтар, балки шояд бештар аз хасмонашон шуљоъу далер буданд, тан ба мағлубият надоданд ва шояд ба ин далел, ба далели он ки сар фуруд наоварданд, таслим нагардиданд, нобуд шуданд.
Тоторон, — манзурам ин тоторони имрўзаи соҳили Волга нестанд, ки он замон булғор ном доштанд ва баъд дигарон ба исми ҳамин тоторони асл хондандашон,- тоторонеро мегўям, ки хешони наздики муғулон буданд ва дар ҳамсоягии онҳо мезистанд ва муғулонро таҳти итоати худ дароварда буданд. Баъд чун Чингизхон зуҳур кард, нерў гирифт ва ин тоторон нахостанд неруи ўро эътироф бикунанд, сари тоат пеш наёварданд, вай ҳама мардонашонро, то кўдаконе, ки сарашон ба чархи ароба баробар шуда буд, кушт, касеро зинда боқӣ нагузошт.
Аз ҳиндувони Амрикои шимолӣ, ки ҷанговарони шуҷоъ буданд, имрўз шумори андаке боқӣ мондаанду бас. Ҳама кушта шуданд, аз басо қавмҳои ин ҳиндувони амрикоӣ имрўз ҷуз ном боқӣ намондааст… Ҳамаро куштанд, несту нобуд карданд, сарбаланд мурданд, сар хам накарданд, вале мурданд, маҳв гаштанд, нобуд шуданд. Заминашон, обашон, кўҳашон, хонаю дарашон, хулоса диёрашон, кишварашон моли душманонашон гардид. Халқҳо низ бояд дар баробари балову офатҳои таърих инъитофпазир бошанд, чунонки тўфон метавонад дарахтони бузургу устуворро решакан бикунад, вале бо гиёҳони заъифу наҳиф коре наметавонад бикунад, чунки онҳо дар баробари тўфон хам мешаванд, ба замин мехобанд ва чун тўфон фурӯ менишинад, боз қомат меафрозанд ва зиндагониашонро идома медиҳанд.
— Оре, — гуфтам ман, — оре, — ва эҳсос кардам, ки садоям баланд шуд, агарчи торик буд, фаҳмидам, ки чанд кас сар баргардонида, ба мо нигаристанд, чанд нафар сар аз «болин» бардоштанд, нимхез шуданд – лаб фурӯ бастам ва баъд, пас аз чанд лаҳза бо садои паст идома додам: оре, дуруст, вале аз он ки зинда бимонӣ ва бибинӣ, ки дар хонаат душманонат ҷой гирифтаанд, туро аз манзилат, аз заминат берун рондаанд, дар киштзорат туро чун ғулом кор мефармоянд, мурдан, бо сари баланд кушта шудан беҳтар аст, намебинӣ ва намесўзӣ ва ҳадди ақалл ёди некат дар қалбу хотираи фарзандону ояндагон боқӣ мемонад.
Тарс ҳақиртарин эҳсоси инсонист, бадтарин душмани инсонҳост, ба одами тарсу механданд, вале агар қавм тарсуст, агар халқ тарсуст, ба ҳолаш бояд бигирист. Ҳоло гуфтӣ, ки тарс мардумро аз нобуд шудан, аз маҳв шудан маҳфуз медорад. Шояд дуруст бошад, шояд, вале ин зистан чӣ зистанест, зиндагонии бадтар аз мурдан, зиндаи бадтар аз мурда.
Баъдан қавми тарсида бар тарсуи доимӣ бадал мешавад, яъне тарс на як эҳсоси вокуниши лаҳзаӣ ва муваққатӣ, балки сифати доимӣ, вазъи ҳамешагии ботинии қавм мегардад, ҷузъе аз ҳувияташ мешавад. Қавми тарсу талош мекунад ба майл ва хости пирӯзшудагон мутобиқу мутобеъ шавад, дигар зиндагии ин қавм аз роҳи аслӣ ва таърихиаш берун мешавад, мунҳариф мегардад, ба роҳи дигар меравад, пас аз он ин қавм қавми дигар аст, забонаш ҳамон забон аст, баъзе урфу одатҳояш ҳамон урфу расми қадимияш аст, аммо андешааш, фалсафаи зиндагиаш, ки аслу ҳастаи ҳастии инсонҳо ва қавмҳост, комилан дигар аст; баъди муддате, ки афроди ин қавм забони душманони хешро меомӯзанд, забони модариашонро ҳам фаромӯш мекунанд, балки худро марбути қавми душман, қавми пирӯзшуда медонанд пайваста, ба ҳар василаву восита талош мекунанд ҳастии ҷадиди худро таъйиду таъкид кунанд, зеро ҳанӯз хотираи намояндаи қавми дигар, қавми мағлуб буданашон боқист ва онҳо эҳсоси худкамбинӣ доранд, шарм мекунанд ва барои худ ҳарф задан ва андешидан аз он зиндагии пешинро табу эълом мекунанд.
Онҳое, ки ҷаҳонро, ё қисмате аз онро, гўшае аз оламро идора мекунанд, ин маъниро хуб дарк кардаанд, ки муқтадиртарин силоҳ тарс аст. Онҳо пайваста аз ин силоҳ истифода мекунанд. Тарс силоҳест, ки тўли қарнҳо ба воситааш ҷаҳонро идора кардаанд. Гуфта будам, ки тарс муҳаррики фаъъол нест, вале ин гуфта шояд чандон саҳеҳ набошад, тарс муҳаррик барои тарсуҳо нест, аммо омили ҳаракат барои тарсонандаҳо аст; тарс ҷањонро ба ду бахш карда, як бахши кўчак, ки метарсонанд ва бахши бузурге, ки метарсанд. Бахше, ки метарсонанд омилони таърих ҳастанд, воқиаю ҳодиса меофаринанд, онҳое ки метарсанд абзор ва василаи офариниши таърих ҳастанд. Мисли деҳқону каландаш ва ё оҳангару путкаш. Ду гурўҳро ба осонӣ метавон идора кард: нодонҳо ва тарсуҳоро. Ин аст, ки тўли қарнҳо онҳое, ки мехоҳанд идора кунанд, пайваста талош мекунанд мардумро дар нодониву ҷаҳолат ва тарсу ҳарос нигоҳ доранд.
Мисли ин ки беихтиёр садоям боз баланд шуда буд, чанд нафар нимхез шуда, сар ба ҷониби мо гардонида буданд, аз канори чап садое ҳам омад, ки «монед бихобем, охир, ҳарчи гап доред, фардо субҳ ки дамид гуфтан гиред».
Рашиди Аъзам низ гуфт, беҳтар аст бихобем, суҳбатамонро фардо идома хоҳем дод. Ман, гуфт, ба андешаҳои шумо чандон мувофиқ нестам, он чиро, ки шумо тарс мепиндоред, дар бештар маврид тарс нест, аслан тарс нест.
— Аҷиб, гуфтам, пас чист? Агар тарс нест, чӣ будан метавонад, ки одамро дар муқобили душман ба махлуқи беирода табдил медиҳад?
— Фардо идома медиҳем, — гуфт Рашиди Аъзам ва ҷомаро ба болояш гирифту сар ба замин ниҳод ва зону ба шикам кашид.
Ман ҳам сар ба болин – кастумамро тагсарӣ карда будам, — ниҳодам, вале хобам намебурд, мағзи сарам аз шиддати баҳс барангехта шуда ва ба хоб рафтан имкон намедод. Андешаҳои мухталиф ва зидду нақиз, ки ҳеч сари созиш бо ҳам надоштанд, ба дилам хутур мекарданд. Намедонам, кай хоб аз чанги ин андешаҳо рабудам.
Абдуқодири Рустам
Аз саҳифаи фейсбукии муаллиф