Мақомоти ҷумҳуриҳои худхондаи мустақар дар манотиқи ишғолии шарқи Укроин мегӯянд, ки аз Владимир Путин, раисҷумҳури Русия мехоҳанд сарзаминҳои онҳоро ба унвони устонҳое аз Русия бипазирад.
Афроди ҳозир дар қудрат дар ин ҷумҳуриҳо, ки аз ҳимояти мустақими Русия бархурдоранд, пас аз баргузории “референдуми пайвастан ба Русия” , ки на аз сӯи Укроин ва на аз сӯи кишварҳои ҷаҳон ба расмият шинохта шуд, мегӯянд ба думболи пайвастани ҳарчи зудтар ба Русия ҳастанд.
Баргузории “референдуми пайвастан ба Русия” , ки дар чаҳор минтақаи ишғолшуда аз ҷониби Русия ва тавассути артиши ин кишвар баргузор шуд, мутобиқи интизор чолишбрангез шуда ва ҳатто пеш аз баргузорӣ ҳам кишварҳои ҷаҳон Маскавро таҳдид карда буданд, ки натоиҷи онро ҳаргиз ба расмият нахоҳанд шинохт.
Ин ҳамапурсӣ рӯзи 23 сентябр дар чаҳор минтақа — Луганск, Донетск, Херсон ва Запороже баргузор шуд ва тайи он неруҳои мусаллаҳи ҷудоиталабон бо гаштани хона ба хона аз сокинон мепурсиданд, ки оё мехоҳанд ба Русия мулҳақ шаванд ё на.
Мақомҳои тарафдори Маскав дар минтақаҳои Луганск ва Запороже эълом карданд, ки имрӯз чаҳоршанбе 28 сентябр дархости худро расман ба Кремл ироа хоҳанд дод. Мақомҳои минтақаи Херсон ҳам гуфтаанд, ки дархости мушобеҳи худро дар рӯзҳои оянда ба Владимир Путин таслим мекунанд. Интизор меравад раҳбарони ҷудоиталаб дар минтақаи Донетск, ки бахшҳои васее аз он ҳанӯз таҳти контроли Киев аст, низ аз ин раванд пайравӣ кунанд.
Ба гуфтаи мақомҳои Русия ва неруҳои мавриди ҳимояти ин кишвар дар шарқи Украина, 93 дарсад аз раъйдиҳандагон дар минтақа Запороже, 87 дарсад дар минтақаи Херсон, 98 дарсад дар Луганск ва 99 дарсад аз мардуми Донетск, ба илҳоқи ин манотиқ ба Русия раъйи мувофиқ додаанд.
Киев ва муттаҳидонаш ин раъйгирии сохтаро рад карда ва таъкид кардаанд, ки ҳаргиз онро ба расмият намешиносанд.
Володимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин дар нишасти Шӯрои амният, ки ба сурати видеоӣ дар он ҳозир буд, ҳар гуна илҳоқ дар дунёи модернро ҷиноят донист ва афзуд: “ин ҷиноят алайҳи тамоми кишварҳое аст, ки ҳимоят аз марзҳоро барои худ ҳаётӣ медонанд.”
Ӯ ҳамчунин изофа кард, ки баргузории референдум аз сӯи Русия ба ин маъност, ки Киев дигар ҳеҷ чиз барои гуфтугӯ бо Кремл надорад.
Ӯ ҳамчунин дар видеое, ки дар канали телеграмии худ ба иштирок гузошта, таъкид кард, ки аз талош барои бозпасгирии сарзаминҳое, ки Русия ишғол карда ақибнишинӣ нахоҳад кард. Ў изофа кард, ки муҳофизат аз мардуми Укроин дар Херсон, Запороже ва Донбасс дақиқан мушобеҳи талошҳо дар Харков ва Крим идома хоҳад дошт.
Зеленский гуфт ончи Русия дар сарзаминҳои укроинӣ баргузор карда ҳатто як тақлиди масхара аз ҳамапурсӣ ҳам нест. Раисҷумҳури Укроин бо ишора ба дарсадҳои болои эъломшуда аз сӯи мақомот русӣ дар хусуси тамоюли манотиқи ишғолшудаи Укроин барои илҳоқ ба Русия, таъкид кард, ки ин ададҳо нишон медиҳад, ки пеш аз баргузории ин “ҳамапурсии масхара” ҳама чиз тарҳрезӣ шуда ва ададҳо ҳам мушаххас шуда буданд.
Бритониё: илҳоқи манотиқи ишғолӣ расман рӯзи ҷумъа эълом мешавад
Вазорати дифоъи Бритониё эҳтимол додааст, ки Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи ҷумъа 30 сентябр расман илҳоқи заминҳои ишғолии Укроин ба федератсияи Русияро эълом кунад.
Суханронии Путин дар нишастҳои парлумони Русия барои рӯзи ҷумъа барномарезӣ шудааст.
Бар асоси додаҳои вазорати дифоъи Бритониё мантиқан эҳтимол меравад Путин аз ин суханронӣ барои эъломи расмии замимаи сарзаминҳои ишғолшудаи Укроин истифода кунад.
Ҳушдори НАТО ба Русия
Паймони Атлантики шимолӣ (НАТО) дар мавриди илҳоқи сарзаминҳои ишғолии Укроин ба Русия ҳушдор додааст.
Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО пас аз тамоси телефонӣ бо Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин, дар твиттер навишт “ин сарзаминҳо мутааллиқ ба Укроин аст”. Столтенберг таъкид кард муттаҳидони НАТО аз ҳаққи ҳокимияти Укроин ва ҳаққи дифоъ аз худ ҳимоят мекунанд.
Мухолифати гурӯҳи ҳафт
Кишварҳои ғарбӣ низ илҳоқи чаҳор минтақаи Укроин ба Русияро ба шиддат маҳкум карда ва онро муғойир бо қавонини байналмилалӣ медонанд.
Ин иқдоми Русия метавонад таниши низомиро низ бештар кунад, зеро аз ин пас ҳамалоти Укроин ба ин манотиқ метавонад таҳти унвони ҳамла ба қаламрави Русия таъбир шавад.
Кишварҳои санъатии Гурӯҳ ҳафт (G-7) низ қаблан эълом кардаанд, ки натоиҷи ҳамапурсӣ барои илҳоқ ба Русияро ба расмият нахоҳанд шинохт.
Амрико дар вокуниш ба ҳамапурсӣ, таҳримҳои иқтисодии бештаре алайҳи Русия эълом кард. Ҳатто Чин низ бидуни он ки баргузории референдумро маҳкум кунад аз Русия хост ба “тамомияти арзии ҳама кишварҳо” эҳтиром бигузорад.
Эътирози Иттиҳодияи Аврупо ба илҳоқи манотиқи Укроин ба Русия
Пайтар Стону, сухангӯи Жозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо низ аз таҳримҳои ҷадид алайҳи Русия сухан гуфт. Ба гуфтаи ин мақоми Иттиҳодияи Аврупо, масъулони ҳамапурсӣ дар листи таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо қарор хоҳанд гирифт. Вуруди ин афрод ба Иттиҳодияи Аврупо мамнуъ ва дороиҳои онҳо низ масдуд хоҳад шуд.
Интизор меравад имрӯз чаҳоршанбе пешниҳоди расмии комиссияи Иттиҳодияи Аврупо барои ташдиди таҳримҳо ироа шавад.
Феҳристи таҳримҳо дар ҳоли ҳозир 1200 фарди масъул дар Русия ва Беларусро шомил мешавад.