Рубрики Хабарҳо

Зойиров: таъини интихобот ба 11 октябр ғайриқонунӣ аст

Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон таъини интихоботи раёсатҷумҳурӣ ба 11 октябрро ғайриқонунӣ хонд ва аз Додгоҳи конститутсионӣ ва Додситонии кул талаб кард ба ин қарор баҳои ҳуқуқӣ диҳанд.

Раиси ҲСДТ дар як изҳороташ, ки дар саҳифаи фейсбукиаш нашр кардааст мегӯяд “5-6 август гузаронидани ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоиз ва лозим буд ва онро бояд истиқбол кард. Аммо таъини интихоботи раисҷумҳури ҶТ ба 11 октябри соли 2020, яъне як моҳ қабл аз ба итмом расидани салоҳияти раисҷумҳур, ки тамоми қонуҳои интихоботӣ аз он сарчашма мегиранд, ғайриқонунӣ аст!” 

Ба гуфтаи Раҳматилло Зойиров “қарори якҷои ММ ва МН Маҷлиси Олии ҶТ аз 6 августи соли 2020 аз рӯзи қабулаш қувваи ҳуқуқӣ надорад”.

Ӯ навиштааст “ин амалкарди ММ ва МН Маҷлиси Олии ҶТ иқдомоти худсарона аст, ки бояд расисони ҳарду табақаи Маҷлиси Олӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд”

Раиси ҲСДТ аз Додгоҳи конститутсионӣ ва Додситонии кул талаб кард ба ин қарор баҳои ҳуқуқӣ диҳанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *