Ҳаҷми гардиши мол, аз ҷумла савдои яклухту чакана дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ рӯ ба коҳиш будааст. Тибқи додаҳои Агентии омори кишвар, давоми январ-июни соли ҷорӣ гардиши савдои яклухту чакана нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 5,2% камтар шудааст.
Ҳаҷми умумии тиҷорати яклухту чакана беш аз 14,6 млрд сомониро (ҳудуди $1,4 млрд) ташкил додааст, ки аз он дар борзорҳои маҳсулоти хӯрокворӣ, ашё ва бозорҳои омехта ба маблағи 5,3 млрд. сомонӣ, ё 43,1% аз ҳаҷми умумии савдои чакана додугирифт шудааст.
Ҳайвонот ба маблағи 1,1 млрд сомонӣ, амтомобилҳои боркашу сабукрав 265,6 млн сомонӣ ва маҳсулоти нафтиву гозӣ ба 2,2 млрд. сомонӣ муомила гардидаанд.
Саҳми маҳсулоти хӯрокворӣ дар гардиши мол 6 млрд сомониро ташкил додааст, ки баробар ба 49,1% гуфта мешавад. 50,9%-и гардиши мол ба маҳсулоти ғайрихӯрокӣ рост омада ҳаҷми умумии он каме бештар аз 6,3 млрд. сомониро ташкил додааст.
Аммо байни маҳсулоти хӯрокворӣ бештар аз ҳама гӯшт ва маҳсулоти ҳасибӣ муомила шудаанд, ки 15,4% аз ҳаҷми умумии онро фаро гирифтааст. Шакар ва маҳсулоти қаннодӣ 6,8%, орду нон 12,5%, сабзавот 6,1% ва равғани растанӣ 5,1%.
Маҳсулоти ғайрихӯрокӣ ба ин тартиб ҳаҷми онро ташкил додаанд: маҳсулоти нафтӣ, матоъ, автомобил ва қисмҳои эҳтиётии он, масолеҳи сохтмонӣ, пойафзор ва ашёи барқӣ.
Ҳаҷми гардиши чаканаи мол ба ҳар сари аҳолӣ дар ним соли аввали 2020 баробар ба 1,3 ҳазор сомонӣ рост меояд.