Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон қонуни авфро имзо кард. Ду рӯз пеш Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон онро қабул кард ва баъдан дар Маҷлиси миллӣ тасвиб шуда буд. Бо имзои раисҷумҳур қонун мавриди иҷро қарор гирифт. Қаблан, дар паёми солонааш ба парлумон раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон қабули ин қонунро ваъда дода буд.
Мақомот умедворанд, ки қабули ин қонун имкони вуруди ё бозгашти сармоя ба кишварро таъмин мекунад. Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллӣ, ки рӯзи 30 июн тарҳи ин қонунро дар порлумон муаррифӣ мекард, гуфт ҳадаф аз қонуни афви амвол “фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби маблағҳои шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ, таъмин намудани шаффофият, коҳиш додани ҳиссаи иқтисоди пинҳонӣ, бозгардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ” мебошад.
Қаблан ҳукумат ба хотири ҷалби маблағҳои муҳоҷирин барои рушди кишвар “Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар” барои солҳои 2021-2025 тасдиқ карда буд. Бо дарназардошти ин ки ҳадаф аз ҳардуи ин тасмим ҷалби маблағ ба иқтисод аст, метавон тахмин зад, ки онҳо ҷузъи як барномаанд.
Аммо коршиносон ба ин назаранд, ки ҳеҷ авфе наметавонад шаҳрвандони Тоҷикистонро водор ба баргардонидани маблағҳояшон ба кишвар кунад. Онҳо мегӯянд, сармоядоре, ки аз ӯ даъват мешавад дороияшро ба Тоҷикистон баргардонад, чун авф шудааст, ҳатман дар ин бора хоҳад андешид, ки оё баргардонидани сармоя ба нафъаш аст ё дар хориҷ буданаш. Ва баъди баргардонидани сармоя ба Тоҷикистон бо онҳо чӣ кор хоҳад кард. Фаразан шумо дар хориҷ 10 миллион доллар доред. Ҳатто агар ғасбҳои рейдерии тиҷоратҳо дар кишварро аз тарафи домодҳову фарзандони раисҷумҳур ба назар нагирем, дар 90 дарсади кишварҳои ҷаҳон бизнес ва сармоядорӣ аз Тоҷикистон осонтар аст. Яъне андозу тафтишу таъқиб камтар, даромад ва кафолати ҳифзи сармоя бештар. Оё розӣ мешавед танҳо ба хотири ватандӯстӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди кишвар сармояатонро ба кишвар баргардонед? Ватандӯстӣ хуб аст, аммо бештари соҳибкорон қабл аз он ки ватандӯст бошанд, тоҷиранд. Яъне аввал дар бораи сармояшон фикр мекунанд, баъд дар бораи шиорҳое мисли ватандӯстӣ. Албатта афроди ангуштшуморе мисли Зайд Саидов пайдо мешаванд, ки баръакс меандешанд, аммо бо ин шумор намешавад дар иқтисоди кишвар кӯмак кард.
Кафолати ҳифзи сармояву бизнес, шаффоият, андози сабук, адами дахолати давлату давлатмардон ба кори соҳибкор, осонии бурдани бизнес ва ғайра сармояро ҷалб мекунад, на авф. Авф танҳо замоне дархӯр аст, ки ин чизҳо вуҷуд дошта бошанд.
Тибқи таҳқиқоте, ки созмонҳои байналмиллал ҳам анҷом додаанд, бештари сармояи аз Тоҷикистон ба хориҷбурдашуда ба мансабдорон таъаллуқ дорад. Аз дороиҳои мансабдорон, аъзои хонаводаи раисҷумҳур ва афроди наздик ба онҳо дар хориҷ ва офшорҳо маълумоти зиёде нашр шудаанд, аммо аз ин ки кадом соҳибкори тоҷике дар хориҷ бизнеси бузурге ё дар офшорҳо пул дошта бошад, то ҳол маълумоте дастрас нест.
Ҳамчунин дар дохили кишвар соҳибкори калоне, ки ба хонаводаи раисҷумҳур ё мансабдори баланпояе наздик набошад, вуҷуд надорад.
Пас ин афв ба кӣ нигаронида шудааст?
Дар гумон аст, ки ҳукумат инро надонад. Пас ин афв ба ҳамонҳое нигаронида шудааст, ки дар хориҷ ва дохил сармоя доранд, яъне мансабдорон. Аммо инҷо ҳам чанд “аммо” ҳаст.
Аъзои хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон ба ҳеҷ афве ниёз надоранд, чун тибқи қонун дар бораи “Пешво” аз ҳар таъқиби қонун муофанд. Ҳатто агар ин қонун ҳам вуҷуд надошт, касе ҷуръат намекард аз онҳо бипурсад, ки масадан 100 миллионе, ки аз хориҷ овардӣ, аз куҷо пайдо кардӣ?
Дар гумон аст мансабдоре, ки аз ришваву дуздии пули буҷа сармоя ҷамъ кардааст бо як авфе ҳозир шавад сармояашро ба кишвар баргардонад. Чун медонад, ки пеш аз ҳама сирри дуздиҳояш пеши мардум ифшо мешавад. Ва худаш, ки дар ҳамин дег пӯхтаасту аз табиати система огоҳ аст аз ҳаҷми риск ҳам ба хубӣ огоҳ аст. Садҳо мансабдор, сар аз Муродулло Алимардонов то курсинишинони сатҳи ноҳия дар пӯсти худ сармоядорӣ дар кишварро таҷриба кардаанд.
Алимардонов, ки як замон аз шарикони тиҷории Эмомалӣ Раҳмон буда, тамоми меҳмондориҳои ӯро сармоягузорӣ мекард, имрӯз барои муталошӣ шудан ба гургони хонаводаи раисҷумҳур дода шудааст. Тибқи иттилоъи манбаъи Паём Алимардонову хонаводааш ҳақи берун шудан аз кишварро надоранд. Ба назар мерасад баъди ғасби тамоми дороиҳояш катеро дар ҳамсоягии Зайд Саид соҳиб хоҳад шуд.
Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз мансабдорон даъват кардааст дороиҳои худро дар рушди иқтисодӣ кишвар сармоягузорӣ кунанд. Ин кор чанд бор маҷбурӣ ҳам сурат гирифтааст. Барои мисол ду сол қабл мансабдорон фармон гирифта буданд дар зодгоҳҳояшон мактабу кӯдакистон ва бунгоҳҳои тиббӣ бунёд кунанд. Бештари вазирон, сар аз Саймумин Ятимову Рамазон Раҳимзода то Нуриддин Саиду Бег Сабур аз худ “ватандӯстӣ” нишон дода иншооте бунёд карданд. Нуриддин Саид ҳатто чанд километр роҳ ҳам бунёд кард.
Бо ғасби рейдерии бизнесҳои калону миёна ва камтар шудани шумори соҳибкорони “ватандӯст”, ки “ихтиёран” иншоот бунёд мекунанд, бо суръат кам мешавад. Яке аз сабабҳои ба мансабдорон расидани навбати “ватандӯстӣ” ҳам ҳамин аст. Барои ғасбҳои рейдерии Шамсуллову Зарифбеку Ҷамолиддин низ соҳибкореву ширкате боқӣ намондааст. Ба ин наҳангон ҳам тӯъмаҳои навбатӣ лозиманд. Аммо мансабдорон наметавонанд ҷои соҳибкоронро пур кунанд.
Имкон дорад бо қабули қонуни афв мансабдорон ғайрирасмӣ фармон хоҳанд гирифт, ки ё дороиҳояшонро баргардонанд ва ё мунтазири тақдири Алимардонов бошанд. Худи Алимардонов ҳам метавонад бо шарти боқӣ мондан дар озодӣ маҷбур ба баргардонидани дороиҳояш аз хориҷ шавад.
Аммо қонуни афв шомили бахшҳои дигаре ҳам ҳаст. Тибқи он сангу металлҳои қиматбаҳое, ки дар ҳудуди Тоҷикистон бидуни риояи талаботи қонунгузорӣ истихроҷ шудаанд низ баъди ҳисобот ба мақомот афв мешаванд ва моликаш метавонад расман ба фурӯш гузорад.
Албатта тамоми конҳои сангу металҳои қиматбаҳо низ аз ҷониби хонаводаи раисҷумҳур ғасб шудаанд ва камтар касе ҳақ дорад ба он маконҳо наздик шавад. Вале дар дасти мардум, бахусус сокинони Бадахшон сангҳои қиматбаҳое вуҷуд доранд, ки ғайрирасмӣ истихроҷ шудаанд. Дар гумон аст, ки моликони сангҳои гаронарзиш ба мақомот бовар кунанду дороияшонро расмӣ кунанд, аммо онҳое, ки чунин дороияшон чандон зиёд нест метавонанд аз чунин фурсате истифода намоянд.
Бидуни фасод ва пардохти ришва сурат гирифтани ин кор ҳам баъид аст, аммо метавонад тафси норозигии бавуҷудомада дар Бадахшонро аз амалкардҳои чанд соли охири ҳукумат каме бикоҳонад.
Афви дигаре, ки зоҳиран бо ҳамин ҳадаф — поин бурдани шиддати норозигии мардум аз ҳукумат гирифта шудааст ва ба бештари мардум дахл кардааст афви молу мулки ғайриманқули худсарона сохташудаи шахсӣ ё дар фаъолияти соҳибкорӣ истифодашаванда мебошад.
Ҳаҷми ин гуна амвол ва худи ҳамин масъалаи қонунигардонии он воқеъан бузург аст. Аз як тараф агар қабули ин қонуни ба хотири “додани кулчақанд” ба мардум бошад, аз тарафи дигар масъала аз контроли ҳукумат хориҷ шудааст ва бо роҳи қонунӣ ҳал кардани он дигар тақрибан имкон надорад. Бинобар вуҷуди фасоди густарда дар ин соҳа ва монеъаҳои зиёд барои гирифтани иҷозати сохтмон, мушкил аз сол ба сол гузашта хеле бузург шудааст. Барои мисол, барои гирифтани иҷозаи сохтмон, шаҳрванд бояд ба даҳҳо идора сар занад, ки дар ҳамааш аз ӯ ришва талаб мекунанд. Ҳаҷми ришваҳо ҳам дар сатҳест, ки сохтмонро аз нигоҳи иқтисодӣ бемаънӣ мекунад. Бинобар ин шаҳрванд тарҷеҳ медиҳад бо додани ришва ба як мансабдор сохтмонашро ғайриқонунӣ бунёд кунад.
Мушкили дигар дар ин соҳа набудани ҳамоҳангӣ байни мақомоти давлатӣ мебошад — яке сохтмонро дар маконе қонунӣ меҳисобаду иҷоза медиҳад, дигаре манъ мекунад. Яке ба шаҳрванд замин медиҳад (аниқтараш мефурӯшад), дигаре онро ғайриқонунӣ бароварда, ба давлат бармегардонад, аммо чанде пас айнан ҳамон замин ба каси дигар фурӯхта мешавад. Ҳолатҳое ҳам вуҷуд доранд, ки як замин ба 4-5 нафар расман дода шудааст.
Барои ҳали қонунии тамоми ин гуна ҳолатҳо солҳо лозим аст. Бинобар ин осонтарин роҳаш барои ҳукумат ҳамин афв аст, ки аз як тараф мушкилро ҳал мекунад, аз тарафи дигар тафси норозигиҳои мардумро, ки ду соли охир бо шиддат рӯ ба афзоиш аст, камтар мекунад. Албатта фурсати хубе барои ришвахорон ҳам фароҳам мекунад, то бо истифода аз муроҷиати мардуми зиёд барои қонунӣ кардани сохтмонҳояшон ришваҳои ҳангуфте ба даст оранд.