11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Тоҷикистон: Шиканҷа чун силоҳи ҳукумат алайҳи мухолифин

Кормандони мақомоти ҳизи ҳуқуқ зиндониёни сиёсӣ ва наздикони онҳоро пайваста зери шиканҷа қарор медиҳанд. Бештар ин шиканҷаҳо чун силоҳи тарсдиҳии мухолифони дар озодибуда, чӣ дар дохили Тоҷикистон ва чӣ берун аз он истифода мешавад.  

Ҳанӯз даҳ сол қабл дар Тоҷикистон ҳарфи шиканҷа барои гирифтани баёноти эътирофӣ дар боздоштгоҳҳои тафтишотӣ ва тарсонидани наздикони боздоштшудаҳо бо ҳадафи ситонидани пора дар миён буд.

Вале имрӯз шиканҷа нисбати маҳбусони сиёсӣ дар зиндонҳо ва наздиконашон дар озодӣ истифоа мешавад.  

Одатан ин кор замоне сурат мегирад, ки ҳамсангарони зиндониён дар хориҷ аз Тоҷикистон дар конфронсҳои байналмиллалӣ баромад мекунанд ва аз режиму вазъи сиёсии Тоҷикистон ва аз худи зиндониён ҳарф мезананд.

Яке аз ин зиндониёни сиёсӣ, ки пайваста шиканҷа мешавад узви 60 солаи Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Саттор Каримов (Махсуми Абдусаттор) аст, ки мӯҳлати ҷазояшро дар зиндони Ваҳдат (Кирпичний) сипарӣ мекунад. Дар натиҷаи шиканҷа дар васати моҳи ноябр ӯ дучори сактаи мағзӣ шуд. Новобаста аз бузургсолиаш ӯро ба рӯйхати онҳое ворид карданд, ки хатари фирорашон вуҷуд дорад, бинобар ин зери назорати шадиди нигаҳбонони зиндон қарор дорад.

Ба ин тартиб, нисбати ӯ ҳаррӯза шиканҷа бо номи “склонка” истифода мешавад, ки Каримов муваззаф аст ҳар рӯз 8 маротиба новобаста аз ҳарорати ҳаво барои бақайдгирӣ барояд. Ӯ маҷбур аст 2 соат рӯи бетон ва зери осмони кушод, хоҳ офтоби сӯзон аст хоҳ барфу борон, биистад.   

Махсуми Абдусаттор

Бинобар бузургсолӣ ӯ аз фишори баланди хун ранҷ мебарад, вале новобаста аз шикоятҳои зиёдаш ба назди табиб бурда нашудааст.

“Баъди муддате ҳолаш бад шуд ва ӯ аз по афтод. Танҳо баъди аз по афтоданаш ӯро ба табиб нишон доданд ва табиб барояш дору навишт” – гуфт манбаъ аз зиндон.

Ҳамин тавр наздикони зиндониён низ зери шиканҷаи равонӣ қаор доранд. Новобаста аз он ки маҳбусон ҳақи моҳе як маротиба дидор бо наздиконашонро доранд, на ҳама вақт аз ин ҳақ метавонанд истифода кунанд. Гоҳе то шаш моҳ мулоқоти онҳо бо наздиконашон ба таъхир меафтад.

Замоне, ки Махсуми Абдусаттор дучори сактаи мағзӣ шуд ба наздикони ӯ иҷоза надоданд ба дидорбинияш бираванд. Дар ҳамин ҳол рӯйхати бузурге аз номгӯи доруҳое, ки барои Каримов бихаранд, ба онҳо дода шуд.

“Дар ин вақт ҳеҷ кас дар бораи вазъи равонии наздикони маҳбусон фикр намекунад. Онҳо танҳо бояд доруҳоро бихаранд. Ба сари хешовандашон дар зиндон чӣ мегузарад, онҳо намедонанд. Ҳатто агар аз ақл ҳам бегона шаванд, ба мо иҷоза нашудааст, ки аз вазъи саломатии маҳбус ба онҳо хабар диҳем” – мегӯяд манбаи “Паём”.   

Дар зиндони Ваҳдат 1700 маҳбус ҳастанд, вале танҳо зиндониёни сиёсӣ маҷбуранд ҳар ду соат барои бақайдгирӣ ба берун бароянд.

Яке аз зиндониёни дигари сиёсӣ соҳибкори аз ҷониби ҳукумат мардудшуда Зайд Саидови 60-сола аст, ки ба 29 соли зиндон маҳкум шудааст. Бақайдгирӣ аз рӯи алифбо сурат мегирад ва чун насаби ӯ бо С сар мешавад, маҷбур аст бештар аз дигарон зери осмон биистад.

Зайд замоне тоҷири дӯстдоштаи ҳукумат буд

Ғайр аз ин Зайд Саид ҳаррӯза мавриди таҳқиру тавҳин қарор гирифта, гоҳо “барои вайрон кардани тартиботи муқарраршуда” ба боздштоҳи ҷаримавӣ (ШИЗО) ва карсер гузаронида мешавад.

“Ба Зайд ҳам наздиконаш пайаста доруву дармон меоранд, вале ӯ мекӯшад ба онҳо шикоят накунад. Беш аз ҳама ӯро вазъи писари калониаш Хайрулло нигарон кардааст, ки аз нигарониву андӯҳи зиёд мӯътоди инсулин шудааст” – гуфт манбаъ.

Бинобар зиёд будани маҳбусон аз ҳади муқараршуда, ба зиндониён ҷои хоб намерасад. Ва табиист онҳое, ки аз ҷои хоб маҳруманд, зинниёни сиёсӣ мебошанд. Рӯзона ҳам ба онҳо иҷозаи хобидан дода намешавад.

Ҳангоми баргузоршавии конфронсҳои байналмиллалӣ, кормандони мақомоти амниятии Тоҷикистон ба таъқиби наздикони мухолифин оғоз мекунанд. Наздикони мухолифин барои чанд шабонарӯз ғайб мезананд. Ба онҳо латукӯб ва дигар намуди шиканҷаҳо таҳдид мекунад. Тавассути наздиконашон мақомот мекӯшанд ба мухолифин фишор оваранд, то онҳо дар конфронс ва чорабиниҳои сатҳи байналмилал ширкат накунанд.

Дар ҳамин ҳол, кам воқеъ меафтад наздикони мухолифин, ки гирифтори шиканҷаҳо шудаанд, ба созмонҳои ғайридавлатӣ оиди шиканҷа муроҷиат кунанд. Ба назар мерасад онҳо умед ба адолатро аз даст додаанд.

Созмонҳои ғайридавлатӣ оид ба шиканҷа ҳам барои кӯмак ба онҳо намешитобанд. Ба ин созмонҳо ҳам лозим аст мавҷудияти худро дар шароити Тоҷикистон ҳифз кунанд.  Ҳанӯз дар соли 2015 созмонҳои ғайридавлатӣ ва ВАО огоҳӣ гирифтаанд, ки гуфтану навиштан дар бораи мухолифин ва наздикони онҳо манъ аст. Ин кор чун тарафдорӣ бо террористону ҷинояткорон талаққӣ мешавад.

Вакили дифоъи ҷонишини раиси ҲНИТ Маҳмадалӣ Ҳаит – Ҷамшед Ёров ба Паём дар бораи шиканҷаҳое ҳикоя кард, ки худаш шоҳид будааст ва ё нишонаҳояшро дар ҳамутоқонаш дар боздоштгоҳ мушоҳида кардааст.

Ҳаит қабл аз боздошт ҳам латукӯб шуа буд

Тибқи гуфтаҳои ӯ шиканҷаҳои зерин дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ истифода мешаванд: латукӯб, рехтани оби ҷӯш, сӯзонидан бо сигор, таҷовуз ба номус ва истифодаи қувваи барқ. Ҳамчунин овехтани баклашкаи бо рег ё об пуркардашуда ба олати таносуб ва маҷбуран нигоҳ доштан дар об ё фарши хунук.

Ҷамшед Ёров

Зиндониҳоро ҳамчунин бо таҳдиди таҷовузи наздиконашон шиканҷаи равонӣ мекунанд. “Нармтарин”намуди шиканҷа таҳқиру тавҳини зиндониён аст.

Ҳабибулло Тешаев, ки бародарашро ба терроризм муттаҳам кардаанд, мегӯяд кормандони додситонии ноҳияи Рӯдакӣ ба хонаи онҳо чанд дона тир, таппонча ва мусалсали кӯҳнаи Калашниковро партофта буданд. Он вақт бародараш Маҳмадӣ Тешаев аллакай чун гуреза дар Аврупо қарор дошт.

“То имрӯз дар наворҳои ВКД, ки пахш мекунанд, ҳамон мусалсалу тапонча, ки ба хонаи одамон партофтаанд, дида мешавад. Дар ин се сол чизе тағйир накардааст. Он вақт кормандони додситонӣ ба хонаи мо омада аз ман талаб карданд, ки назди дурбин алайҳи бародарам баромад карда эълон кунам, ки ин тапончаву мусалсал ва тирҳо аз ӯ ҳастанд ва ӯ мехост бо амри раиси ҲНИТ табаддулоти давлатӣ анҷом диҳад. Ман қабул накардам ва маро ба назди додситони ноҳия Ҷамшед Раҳмонов бурданд”- нақл мекунад Ҳабибулло.

Ҳабибулло Тешаев

Ӯ мегӯяд дашному таҳқираш мекарданд, ки бародараш мехост табаддулоти давлатӣ анҷом диҳаду вай хабар надодааст. Вақте ин иттиҳомҳоро рад кард ба таҳхона бурданд.

“Маро бо чӯбдаст (дубинка), баклажкаи пур, бо даст мезаданд ва дар ҳамин ҳол нону об ҳам намедоданд. Дар ҳар се рӯз маро ҷавоб медоданд, то бо бародарам гап занаму ба онҳо маълумот расонам, вале ман ба гуфтаҳоям меистодам ва мегуфтам, ки бо бародарам гап зада наметавонам”- нақл мекунад Тешаев.

Баъди латукӯб ба ӯ тавассути дасти чапаш нерӯи барқ монданд. “Давоми се рӯз баъди пайвастан ба нерӯи барқ, дасти чапамро тақрибан ҳис намекардам. Бори дигар маро ҷавоб доданд, то бо бародарам алоқа барқарор кунам. Рӯзҳои ид буданд ва бовар доштам, ки дар ин рӯзҳо маро ҷустуҷӯ нахоҳанд кард ва бо истифода аз фурсат аз кишвар фирор кардам. Ба Маскав омада, аз онҷо худро ба Аврупо расондам ва бо ҳамин азобу шиканҷаам хотима ёфт “- гуфт Ҳабибулло.

 

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *