Тоҷикистон ва Эрон дар ҳошияи нишасти Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук дар Брюссел ёдошти тафоҳум имзо карданд.
15-уми декабри соли ҷорӣ, Вазорати корҳои хориҷаи Ҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар ҳошияи нишасти Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук дар Брюссел сардори хадамоти гумрукии Тоҷикистон Абдуфатоҳ Ғоиб бо раҳбари кулли гумруки Ҷуҳурии исломии Эрон Фуруд Асғарӣ мулоқот ва ёдошти тафоҳумеро имзо карданд.
Дар ин мулоқот ҷонибҳо масъалаи ҳамкориҳои ин ду ниҳоди гумрукиро баррасӣ намуда, ёддошти тафоҳум дар масоили амалӣ намудани “Созишномаи байни Тоҷикистону Эронро дар бораи ёрии байниҳамдигарии идорӣ оид ба иҷрои дақиқи қонунгузории гумрукӣ”-ро ба тасвиб расониданд.