Categories Хабарҳо

Охирин хабарҳои вобаста ба короновирус

Ба иллати ҳарос аз паҳншавии вируси короно дар Бритониё, ширкати ҳавопаймои British Airways парвозҳои худ ба Чинро мутаваққиф кард. Дар Олмон теъдоди мубталиён ба ин вирус ба чаҳор тан расидааст. 

Дар пай баёнияи вазорати хориҷаи Бритониё дар бораи сафар ба Чин, ширкати ҳавопаймои British Airways парвозҳояш ба Чинро мутаваққиф кард. Ин ширкат ҳар рӯз ду парвоз аз фурудгоҳи Ҳитроуи Лондон ба Пекин ва Шангҳой дорад. 

Ин тасмим ба иллати ҳарос аз паҳншавии вируси короно дар Бритониё гирифта шудааст. Ҳанӯз мавриде аз ибтило ба ин беморӣ дар Бритониё мушоҳида нашудааст. 

Ширкати British Airways эълом карда: “Амнияти муштариён ва коркунони мо ҳамвора авлавияти аввали мо будааст.” 

Ширкати ҳавопаймоии Люфтҳонзо дар Олмон аммо ҳамчунон парвозҳояш ба Чинро идома медиҳад. Як сухангӯи Люфтҳонзо гуфта: “Мо шароитро ба диққати таҳти назар дорем.” Ин мақоми масъул гуфта феълан парвозҳо ба Пекин ва Шангҳой мутобиқи барнома барқарор аст, аммо дар айни ҳол ин ширкат коҳиши парвозҳояш ба мақсади Чинро баррасӣ мекунад. 

17 кишвари олуда ба вируси короно 

Вируси короно то кунун 17 кишварро олуда кардааст. Охирин кишваре, ки эълом карда маврид мубтало ба ин вирусро мушоҳида карда, Амороти муттаҳидаи арабӣ аст. 

Ҳамзамон бо афзоиши шумори қурбониёни бемории навзуҳур дар Чин, давлати Амороти муттаҳидаи арабӣ аз мушоҳидаи нахустин мавриди ибтило ба короно дар ин кишвар хабар дод. 

Давлати Чин рӯзи чаҳоршанбе 30 январ эълом кард шумори афроде, ки бар асари ибтило ба бемории ҷадиди короно дар ин кишвар ҷони худро аз даст додаанд ба 170 нафар расидааст. Комиссияи миллии беҳдошти Чин бо эъломи ин хабар ҳамчунин гуфтааст, ки наздик ба 2 ҳазор нафари дигар низ ба шумори мубталиён ба ин бемории маргбор изофа шудааст. Ба ин тартиб шумори мубталиён ба ин беморӣ ба 7 ҳазору 711 нафар расид. 

Давлати Аморот гуфта фарди мубтало дар ин кишвар ба тозагӣ ба Вуҳон, хостгоҳ ва маркази аслии шуйӯъи ин беморӣ дар Чин сафар карда, аммо дар айни ҳол ҷузъиёти бештар аз ҷумла номи бемористониро, ки фарди мубтало дар он бистарӣ аст, эълом накардааст. 

Бархе расонаҳо навиштаанд, ки мубталиёни ба ин беморӣ дар Аморот тамоми аъзои як хонавода 4 нафара ҳастанд, ки аз Вуҳон бозгаштаанд, аммо мақомҳои Абудабӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳароси шаҳрвандон, танҳо як мавридро таъйид кардааст. 

Дар Олмон то кунун чаҳор мавриди ибтило ба ин вирус мушоҳида шуда , ки ҳамагӣ онҳо дар шимоли Иёлоти Бавариё ҳастанд ва ҳамагӣ бо як зани чинӣ дар тамос будаанд, ки ноқили ин вирус аз Чин будааст. 

Озмоишҳои анҷомшуда нишон медиҳад мумкин аст ин зани чинӣ афроди дигареро низ мубтало карда бошад. 

Янс Ашпон, вазири беҳдошти Олмон хостори “хунсардии тамом бо ҳушёрӣ” шудааст. Ў гуфтааст: “Интизор меравад мавориде аз олудагӣ ба ин вирус боз ҳам дар Олмон мушоҳида шавад, ба хусус аз тариқи тамос бо мусофирони Чин.” 

Вазири беҳдошти Олмон аммо тасреҳ карда, ки ин вазоратхона мусаммам аст сареъан мубталиёнро шиносоӣ карда ва онҳоро дар карантин қарор диҳад. 

Ба гуфтаи Ашпон пас аз ин марҳала бояд мушаххас шавад, ки мубталиён аз чӣ тариқе мубтало шуда ва бо чӣ касоне дар тамос будаанд то ҷилави густариши ин вирус аз тариқи фарди мубтало гирифта шавад. 

Кишварҳо дар пайи бозгардондани атбоъашон аз Чин 

Шаҳри миллионии Вуҳони Чин, ки аввалин бор вируси короно дар он ҷо мушоҳида шуда, ин рӯзҳо шаҳре аст, ки ҳама аз он фирорианд. Шаби гузашта садҳо ҷопонӣ шабона ба хонаҳояшон бозгаштанд. Бархе аз онҳо, ки машкук ба ибтило ба вируси короно буданд, ба карантин фиристода шуданд. 

Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ низ атбоъи худ аз Чинро бозмегардонанд. Амрико ва Конодо тасмим доранд парвози ҳавопаймоҳои худ ба Чинро лағв кунанд. 

Мақомҳои давлати Амрико ба таври ҳаррӯза нишастҳоеро дар Кохи Сафед барои баррасии роҳкорҳои муқобила бо вируси тозаворид барпо мекунанд. Алекс Эйзор, вазири беҳдошти Иёлоти муттаҳида рӯзи сешанбе бо эъломи ин хабар гуфт: “Ҳама гузинаҳо барои мубориза бо шуйӯъи ин бемориро бояд рӯйи миз бигузорем. Маҳдудиятҳои мусофиратӣ низ аз ҷумлаи ин роҳкориҳост.” 

Иттиҳодияи Аврупо ду парвоз барои бозгардондани садҳо атбоъаш аз Чин тартиб додааст. Дирӯз чаҳоршанбе 29 январ аввалини парвоз аз Чин 250 фаронсавиро ба хонаҳояшон боз гардонд. Дувумин парвоз низ дар ҳамин ҳафта анҷом хоҳад шуд. 

Ҳарос аз эпидемияи ҷаҳонӣ 

Тарс аз ҷаҳонӣ шудани эпидемия вируси короно ҳар рӯз бештар мешавад. Муҳаққиқон мегӯянд бо мушкил метавон тахмин зад, ки ин вирус то чӣ ҳад метавонад дар дунё густариш пайдо кунад. Ин мавзӯъ бастагӣ ба ин дорад, ки карантини беморон то чӣ андоза ҷавобгӯ аст ва низ ин ки оё метавон доруе барои муқобила бо ин вирус пайдо кард ё на. 

Пажӯҳишгарони австралиягӣ тавонистаанд омили ба вуҷуд оварандаи ин бемориро кушт диҳанд ва ин қадами муҳимме барои тавлиди доруи алайҳи ин беморӣ аст. 

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *