Латвия кишварест дар соҳили Балтика байни давлатҳои Литва ва Эстония воқеъ гаштааст ва бо сарзамини Беларус, Эстония, Литва, Русия ва Шветсия ҳамсарҳад аст, ки бо соҳилҳои васеи истироҳатӣ (пляж) ва ҷангалҳои азиму анбӯҳаш маъруф гардидааст. Пойтахташ Рига, ба туфайли биноҳои чӯбии бо усули югендстил сохташуда, бозори хеле бузурги марказӣ ва шаҳри қадимаи асримиёнагӣ бо калисои Санкт Питер сайёҳонро ҷалб мекунад. Дар Осорхонаи кушоди этнографии Латвия шумо метавонед бо ҳунарҳои анъанавӣ, мусиқӣ ва таомҳои миллӣ шинос шавед. Масоҳати умумии давлат 64 ҳазору 589 километри мураббаъ, забони давлатӣ- латишӣ, коди телефон +371, воҳиди пулиаш евро, шаҳрҳои калонтаринаш Рига, Дуагавпис, Лиепая, Елгава, Юрмала, Вентспилс ва ғайра. Дини давлатӣ надорад. То ҳоло маълумаш 14 адад иттиҳодияҳои динии дорои 719 адад ҷамъият дар пайи фаъолият аст.
Шумораи мусалмонони кишвар ба 12 ҳазор нафар расидааст, соли 2007 15 адад ҷамъияти мусалмонон расман ба қайд гирифта шуда буданд.
Дар бораи саршумори аҳолӣ маълумоте хеле аҷиб дорем, ин ки аҳолии ҳамаи кишварҳои дунё сол то сол меафзоянд, дар Латвия бошад, мардум то рафт кам шуда истодаанд. Масалан соли 1950 1 миллиону 944 ҳазор нафар ба қайд гирифта шуда буданд, аммо давоми ин 70 сол ба ҷойи зиёд шудан, 1 миллиону 911 ҳазору 200 нафарро ташкил додаанд. Соли 2014 як маротиб ба 2 миллион расида буданд, аммо бо сабабҳои гуногун боз ҳам кам шуда истодаанд. Ин шумор аҳолиро албатта халқҳои дигар ҳам ташкил кардаанд, барои мисол 25% русҳо, 3 % белорусҳо, 2,4 % украинҳо, илова бар ин ҷӯгиҳо, олмониҳо, эстониҳо низ ин ҷо зиндагӣ мекунанд. Худи латишзабонҳо 50% -и аҳолии кишваранд.
Маориф
Таҳсили мактабиён дар Латвия ба таҳсилоти асосӣ, миёна ва олӣ тақсим карда мешавад. Гирифтани маълумоти миёна ройгон ва ҳатмист. . Ба синфи 1 кӯдакони аз 6 ё 7 сола қабул карда мешаванд. Таълими ибтидоӣ барои 9 сол пешбинӣ шудааст, пас таҳсилоти иловагии мактабӣ то 12 сол метавонад идома ёбад. Дар таҳсилоти миёна ду намуди барнома мавҷуд аст: таҳсилоти миёнаи умумӣ (вазифаи он омода кардани таҳсилоти минбаъда мебошад ва барои 3 сол пешбинӣ шудааст) ва барномаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (ки барои гирифтани тахассуси касбӣ нигаронида шудааст
Ҳамаи халқиятҳои дар ин ҷо зиндагӣ карда истода бо забони модарии худашон таълиму тарбия мегиранд. Тибқи маълумоти ЮНЕСКО дар соли 2014, 6,284 донишҷӯи Латвия дар хориҷа таҳсил кардаанд (асосан дар Британияи Кабир, Дания ва Олмон); 4477 донишҷӯи хориҷӣ дар Латвия таҳсил карданд (асосан аз Олмон, Россия ва Ӯзбекистон).
Дар ҳоли ҳозир 23 % аҳолии умрашон боло аз 15 сола маълумоти олӣ доранд.
Нақлиёт
Пойтахти Латвия як маркази муҳими байналхалқии нақлиётӣ дар минтақаи баҳри Балтик аст. (ҷараёни ҳаракат байни Скандинавия ва Аврупои Шарқӣ, Финляндия ва Аврупои Марказӣ тавассути масири баҳри Балтика суръат мегирад. Роҳи оҳани Латвияро ширкати давлатии роҳи оҳани Латвия идора мекунад. Ширкат ба таъмиру тармими тамоми шабакаи роҳи оҳан машғул аст: 2263,3 км роҳҳои дароз ва 1520 км (аз он 258,8 км электриконида шудаанд). роҳҳои хеле сермусофиранд. Фурудгоҳи Байналмилалии Рига яке аз калонтарин фурудгоҳҳо дар давлатҳои назди Балтик аст. Дар соли 2012 фурудгоҳ 4,7 миллион мусофирро интиқол додааст. Фурудгоҳ ба зиёда аз 80 нуқтаи 30 кишвари дунё парвозҳои мустақим дорад. AirBaltic ин ширкати миллии ҳавопаймоии Латвия аст. Солҳои охир AirBaltic дар Фурудгоҳи Байналмилалии Лиепая ва Фурудгоҳи Байналмилалии Вентспилс низ ба кор шурӯъ намудааст.
Иқтисодиёт
Соли 1999 Латвия ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, соли 2004 – ба Иттиҳоди Аврупо шомил шуд, аз 1 январи соли 2014 Латвия ба истифодаи евро гузашт, 2 июни соли 2016 Латвия 35-умин узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Рушд (OECD) гардид. Латвия дар рейтинги Бонки ҷаҳонӣ аз рӯи осонии пешбурди тиҷорат дар зинаи 19 қарор дорад ва ин албатта миёни мамолики Аврупо аст.
Музди ҳадди ақали муқарраркардаи ҳукумат 430 евро (2019) мебошад, музди миёнаи меҳнат дар кишвар дар соли 2018 1004 евро буд, таварруми солона 2,6% Сатҳи бекорӣ – 6,4% , яъне мардуми бекор хеле каманд.
Самти кишоварзӣ ба парвариши гӯшт ва шир асос ёфтааст, зироатҳо, картошка ва сабзавот парвариш карда мешаванд.
Тақрибан 66% молҳои саноатӣ дар бозорҳои содиротӣ фурӯхта мешаванд, ки молу маҳсулотҳои электрикӣ, нассоҷӣ, кимиёвӣ, маҳсулоти коркарди металл ва коркарди онро таъмин мекунанд.
Умуман, Латвия 70% тамоми маводи содиротиашро ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо содир мекунад. Камтарин музди маош дар латвия 430 евро мебошад. Мувофиқи кодекси меҳнат латишҳо дар як ҳафта 40 соат кор мекунанд. Дар мавриди Рига, аксарияти аҳолии қобили меҳнат мекӯшад, ки ба ин ҷо кӯч бандад. Музди миёнаи меҳнат дар Рига дар соли 2019 936 евро мебошад. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо дигар нуқтаҳои аҳолинишин дар кишвар баландтарин ба ҳисоб меравад. Сатҳи пасттарин дар Даугавпилс – 582 евро, дар Курземе 678 евро, дар Земгале 680 евро қайд шудааст.
Беҳтарин содироти Латвия маҳсулоти ҷангал, чӯбу тахтавориҳо (696 миллион доллар), Таҷҳизоти пахш (532 миллион доллар), Нӯшокиҳо (501 миллион доллар), Гандум (423 миллион доллар) ва Дорувории бастабандишуда (418 миллион доллар), бо истифода аз таҷдиди таснифи HS (Системаи Ҳамоҳангшуда) дар соли 1992. Воридоти беҳтарини он маҳсулоти нафтӣ (1,03 миллиард доллар), мошинҳо (699 миллион доллар), таҷҳизоти пахши радио (659 миллион доллар), доруҳои бастабандишуда (549 миллион доллар) ва бензин газ (456 миллион доллар) мебошанд.
Беҳтарин самтҳои содиротӣ Латвия, Литва, Русия, Олмон, Эстония ва Британияи Кабир мебошанд. Маҷмӯи Маҳсулоти дохилаи кишвар дар моҳи июли соли 2019 34,87 миллиард долларро ташкил дод, ки ин миқдор бар сари ҳар нафар аҳолӣ 16 ҳазору 405 доллар рост меояд. Агар ба сатҳи зиндагии мардуми давлатҳои узви собиқ шӯравӣ назар кунем, нисбат ба аҳолии Русия мардуми кишварҳои назди балтик хеле беҳтар умр ба сар мебаранд.
Соима Саидӣ