Categories Хабарҳо

Шукурҷон Зуҳуров: Ба хостаҳои мардум бирасед, то норозӣ нашаванд

Раиси Маҷлиси Намояндагони кишвар дар робита ба камбуди масоҷид аз баъзе деҳоти кӯҳистонӣ мисол оварда мегӯяд: “дар чунин рустоҳо масҷиде нест, ки маросими ҷанозаи фавтидаро баргузор кунанд!”

6-уми декабр, “Радио Озодӣ” дар як гузоришаш аз баррасии лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” дар парлумони кишвар хабар дода, аз забони спикери парлумон Шукурҷон Зуҳуров навиштааст: “Мо даъво мекунем, ки дар Тоҷикистон ҳамаи шароит барои диндорон эҷод шудааст. Аммо ман медонам, ки дархости зиёди мусалмонон барои бунёди ибодатхонаву масҷидҳо солҳо бепосух мемонанд.”

Раиси парлумони Тоҷикистон дар идома бо нигаронӣ аз маҳдудиятҳои мазҳабӣ дар кишварамон  ва нодида гирифтани хостаҳои мардум гуфтааст: “Дар як рустои кӯчаки кӯҳистонӣ, ки шояд ҳудуди 30 хонавода зиндагӣ мекунад, дар моҳи Рамазон водор мешаванд, барои хондани таровеҳ ба қишлоқи дигаре, ки 10 километр дуртар воқеъ аст, пиёда бираванд. Ё дар чунин рустоҳо масҷиде нест, ки маросими ҷанозаи фавтидаро баргузор кунанд ва водор мешаванд ба қишлоқи ҳамсоя мурдаро бибаранд.”

Шукурҷон Зуҳуров бо интиқод аз ҷорӣ шудани чунин маҳдудиятҳо аз масъулин хостааст, ки “сохторҳои давлатӣ минбаъд бояд ба ин масъалаҳо бештар таваҷҷӯҳ кунанд, то дар миёни сокинон норозигӣ сар назанад.”

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *