Рубрики Хабарҳо

Чаро оппозитсияи тоҷик бунбастӣ аст?

Оппозитсияи созанда қувваи демократии мардум мебошад, ки роҳҳои осоиштаи тағйири қудрати сиёсиро ҳамвор мекунад. Аз ин нуқтаи назар, дар Тоҷикистони пасошӯравӣ оппозитсияи созанда набудааст. Балки дар ҳама шакле ки оппозитсия зуҳур карда, он ба тақвияти бештари ҳукумати худкома саҳм гузоштааст.

Саволе ба миён меояд, ки чаро чунин аст? Ҷавоби куллӣ ин аст, ки мухолифони сиёсии тоҷик ба мардуми худ на ҳамчун миллат, балки ҳамчун уммат муносибат мекунанд. Уммат гуфта, миллати мусулмон дар назар дошта мешавад. Аз ин нуқтаи назар, мардумро ба худ ҷалб кардан барои оппозитсия хеле мушкил мешавад. Пеш аз ҳама, мушкилоти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодие, ки Тоҷикистон дорад, имкон намедиҳад, ки тоҷик ба истилоҳ ғами дигар мусулмононро хӯрад. Аммо дар тӯли 25 сол оппозитсияи тоҷик таваҷҷуҳи мардуми тоҷикро ба мушкилоти мусулмонони дигар минтақаҳо, чун Ховари наздик равона мекунад. Таваҷҷуҳ ва неруи бе ин ҳам парешону сусти ӯро парешонтару сусттар мекунад. Дар натиҷа, аз тоҷик як ҷамоаи тасаввурӣ (“imagined community” ба истилоҳи Бенедикт Андерсон) сохтанд, ки дар миёни Миллат ва Уммат қарор гирифтааст. Аммо на барои Миллат шудан ва на барои ба Уммат пайвастан наметавонад тасмим бигирад. Мардуми тоҷик ҷисман дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ зиндагӣ мекунад, вале рӯҳу зеҳнаш дар минтақаҳои дигари ҷаҳон саргардон аст.

Ҷиҳати дигаре, ки тоҷикро дар байни ин ду ҷамоа саргардон кардааст, марбут ба ҷамоаи тасаввурии “Homo Soveticus” мебошад. Шӯравӣ аз байн рафтааст, вале мардумоне, ки хотираи онро дар зеҳн доранд, аз он ҷумла тоҷикон тарс аз идеяи Уммат доранд. Аз ин ҷиҳат, онҳо на фақат давлати исломиро қабул надоранд, балки намехоҳанд бо ҷаҳони исломӣ ва ҳатто хатти он (хатти арабӣ) алоқамандӣ дошта бошанд. Зеҳну ҳувияти онҳоро аз ҷаҳони пасошӯравӣ берун кардан хеле мушкил аст. Аз як тараф, онҳо дар даврони пасошӯравӣ таҷрибаҳои муносибу созгоре надоштанд ва аз тарафи дигар, дар ҷаҳони исломӣ ҳам намунаи беҳтаре дида намешавад, ки онҳоро ба марҳилаи фаротар аз “Homo Soveticus” инкишоф диҳад. Аз ин рӯ, Шӯравӣ аз байн рафт, вале хотираи он ҳар чи бештар зинда ва матлуб мегардад. Оппозитсияе, ки ин воқеиятро сарфи назар мекунад, дар ҳеч сурат дар байни мардум тарафдор пайдо нахоҳад кард. Албатта, ин ба маъное нест, ки аз Шӯравӣ васфу тамҷид шавад, балки дар муборизаи идеологӣ набояд аз андоза берун ангушти иттиҳому накӯҳиш ба мероси шӯравӣ зад.

Ҳамин гуна, оппозитсия созанда нахоҳад буд ва мардумӣ нахоҳад шуд, агар идеологияи исломиро дар меҳвари муборизаи худ қарор медиҳад. Идеологияи исломӣ ба чанд усуле бунёд ёфтааст, ки ҳатман муборизаи сиёсиро моҳият ва ҳадафи исломӣ мебахшад. Ин идеология барои тоҷик на сохтани давлати миллӣ дар заминаи усулҳои демократӣ, балки ташкили давлати исломӣ дар кишвар ва хилофат дар ҷаҳонро муҳим мешуморад. Ҳамин аст, ки муборизаи идеологии оппозитсияи тоҷик дар 25 сол натавонист шароитеро чун дар Қирғизистон ба вуҷуд оварад.

Ҳафиз Бобоёров

Аз саҳифаи фейсбукии муаллиф

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *