Ба иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, ду корманди Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Турсунзода бо иттиҳоми гирифтани пора боздошт шудаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ — тафтишотӣ сардори Шӯъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Турсунзода, майори милитсия Орифзода Қамариддин дар ҳамдастӣ бо капитани милитсия Ҷонбобоев Акбар, нозири митақавии маҳаллаи 4-уми шаҳри Турсунзода, ҳангоми гирифтани пора ба миқдори 4000 сомонӣ дастгир шудаанд. Ба гуфтаи манбаъ, 4000 сомонӣ нисфи маблағи ваъдашуда будааст.
Агентии Назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, номи порадиҳандаро фош накардааст, аммо кормандони боздоштшудаи Вазорати корҳои дохила ба порадиҳанда ваъда кардаанд, ки дар ивази додани пора бародарашро аз ҷавобгарӣ озод хоҳанд кард.
Нисбати ҳарду — майор ва капитани милитсия, бо моддаи 319, қисми 4 бандҳои “б.в,” Кодекси ҷиноятии ҶТ, парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда тафтишот идома дорад.
Ин бори аввал нест, ки кормандони Вазорати корҳои дохилӣ барои гирифтани пора ва даст доштан дар ҷиноятҳои гуногун боздошт мешаванд, аммо аксари онҳо дар ивази додани пора ва ё миёнҷигарии афроди наздик ба худ озод мешаванд.