11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Уламо: ба Толибон дафтар диҳед

Садҳо нафар аз уламои Афғонистон, ки ҳамин ҳоло дар Кобул пойтахти Афғонистон қарор доранд, ба ҳукумати ин кишвар пешниҳод кардаанд, ки ба гурӯҳи Толибон дар Кобул дафтари корӣ бидиҳад.

Соате пеш, ВВС хабар дод, ки садҳо рӯҳонӣ, ки бо даъвати Шӯрои Олии сулҳи Афғонистон ба Кобул даъват шудаанд, аз ҳукумати кишварашон талаб кардаанд, ки дар баробари Толибон аз сабру таҳаммул кор гирифта, ба ин гурӯҳ дар пойтахти Афғонистон дафтар бидиҳад, то ин гурӯҳ суроғаи муайяне барои сӯҳбат ва машварат бо сиёсиюн ва қишрҳои гуногуни ҷомеа дошта бошад.

Ҳамчунин уламои Афғонистон аз гурӯҳи Толибон хостаанд, ки ба музокираи байни афғонҳо ҳамроҳ шуда, хостаҳои худро аз пушти мизи музокира матраҳ кунанд.

Ҳафтаи ахир, талошҳо ва даъватҳо аз дохилу хориҷ ба ҳукумати Афғонистон барои музокира бо гурӯҳи Толибон афзоиш ёфтааст.

Ин пешниҳодҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки баъд аз шикасти ДИИШ, сарусадои пайдоиши боқимондаҳои ин гурӯҳ дар Афғонистон зиёд шудааст.

Дар ҳамин ҳол дар нишасти ғайрирасмии имрӯзаи сарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил(ИДМ), ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор шуд, яке аз масъалаҳои мавриди баҳс, амнияти марзҳои ҷанубии ИДМ, буд.

Ба назари коршиносон, таҳаррукоти ДИИШ дар минтақа, ҳукумат ва ҳам ҷомеаи Афғонистон ва низ кишварҳои ҳамсояи онро ба фикри музокира ва гуфтугӯи ҷиддӣ бо гурӯҳи Толибон, водор кардааст.

Беш аз 40 нафар тайи се ҳамлаи

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *