Боре бо ҳамсари азизам сари суфраи шом нишаста будему аз чигуна гузаштани рӯзи корияш мепурсидам. Ӯ ҳам ду гуши муфти саропо таваҷҷӯҳро ёфта буду бо резу барг каш дода моҷароҳои рӯзи корияшро нақл мекард. Хонумам муҳандис аст ва кораш осон нест. Хеле аз ҷузъиёти нақлаш барои мани мард муҳим набуд, вале ҳавсалаву таҳаммул мекардам, то роҳат дилашро холӣ кунаду эҳсоси сабукӣ намояд. Баъди қурбон кардани ҳушу гуш барои як муддат)))))), билохира ҳазрати ҳамсар ба поёни нақлаш расиду гуфт: » ва як хабари хуш ҳам дорам».
Гуфтам: » чӣ хабари хуш?»
Гуфт: » қарор аст охири моҳ бароямон мукофот диҳанд».
Гуфтам: «муборак бошад».
Ташаккур гуфту баъд фармуд: » вале ман тасмим гирифтам як миқдорашро садақа кунам».
Гуфтам: » хуб «.
Бо таъаҷҷуб гуфт: » тамом, дигар ҳиччӣ намегуӣ?»
Гуфтам: » дигар чӣ мехоҳӣ бароят бигуям? »
Гуфт: » охир ту шавҳари ман ҳастӣ намегӯӣ, ки иҷозат ҳаст нест? Оё ин корро бикунам накунам?».
Гуфтам: » медонӣ қонуни шариат дар ин маврид чӣ мегӯяд?»
Бо таъаҷҷуби омехта бо кунҷковӣ гуфт: » Чӣ мегӯяд ? «.
Гуфтам: » қонуни шариат мегӯяд, ки маоши зан аз худи зан аст ва ӯ дар сарф карданаш озод. Зарур нест барои сарфи он аз шавҳараш иҷозат пурсад. Балки ин ман ҳастам, ки агар аз пули ту истифода карданӣ шудам бояд иҷозати туро пурсам».
Хушҳол шуду зуд пурсид: » Ун вақт қонуни шариат дар бораи маоши шавҳар чӣ мегӯяд? «.
Гуфтам: » қонуни шариат дар бораи маоши шавҳар мегӯяд, ки маошаш даромади буҷети хонавода аст ва ҳама ҳақ доранд аз он истифода баранд ба шумули ту, ки ҳамсари маошхури ман ҳастӣ))).
Гуфт: «Ҷиддӣ мегӯӣ?»
Гуфтам: » бале.»
Хушҳол шуду гуфт: » Садқаи шариат бо ин қонунҳояш».
Гуфтам: » вале медонӣ ҷонам, шариат ягу қонунҳои дигар ҳам дорад».
Ӯ ки фикри манро мехонаду шухиҳоямро хуб мешиносад ба якборагӣ ҷиддӣ шуду барошуфту гуфт: » медонам чиро дар назар дорӣ, аммо ман ҳаргиз розӣ нестам. Намехоҳам дар ин дунё шавҳари муштарак бо ҳеч зани дигаре дошта бошам».
Ман гуфтам: » Садқаи шариат бо ин қонунҳояш».
Аз саҳаифаи фейсбукии Саъдӣ Ворисов