Рубрики Хабарҳо

Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон бо 100 кг ҳероин дар Алма Ато

Мақомоти Қирғизситон аз хунсо кардани фаъолияти як синдикати байналмиллалии маводи мухаддир хабар доданд, ки ба интиқоли ҳероин машғул будааст. Зимни як амалиёти тӯлонӣ ва густурдаи байналмиллаӣ, шаҳрванди Тоҷикистон бо 100 кило маводи сахттаъсири ҳероин боздошт шудааст. 

Ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз ӯ К.О.А. ном бурда шуда, гуфта мешавад мутаваллиди соли 1986 аст, ҳангоми интиқоли 100 кг ҳероин дар шаҳри Алма-Атои Қазоқистон боздошт шудааст. Дар амалиётӣ тӯлонӣ ва байнидавлатии боздошти ӯ Хадамоти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорат умури дохилии ҷумҳурии Қирғизистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурии Қирғизистон ва Кумитаи амнияти миллии ҷумҳурии Қазоқистон ширкат кардаанд. 

Ин синдикат ба интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Қазоқистон тавассути Тоҷикистону Қирғизистон машғул будааст. 

Қимати маводи сахттаъсири ҳероин, ки аз шаҳрванди Тоҷикистон мусодира шудааст дар бозори сиёҳ тақрибан ба 1 миллиону 190 ҳазор доллари амрикоӣ баробар аст. 

Ба интиқоли маводи мухаддир дар Тоҷикистон асосан мансабдорони баландпоя ва наздикони онҳо машғуланд. Гоҳе, дар натиҷаи рақобат байни мансабдорон, бархе аз ин “наркобарон”-ҳо боздошт мешаванд, аммо зуд сафед ва озод мегарданд.

Тибқи иттилоъи манобеъи “Паём”, интиқоли маводи мухаддир тавассути Тоҷикистон ба Қирғизистонро, ки қисман тавассути марзҳои Исфара сурат мегирад, Зоир Соҳибов, домоди бузурги раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти контрол дорад.   

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *