Афзоиши содирот ва коҳиши воридот дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон воридот коҳиш ёфта содирот афзоиш ёфтааст. Ва ин раванд дар ҳоли бештаршавӣ буда, нишонаҳои таъсири манфии он дида мешаванд.
Тибқи гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ, коҳиши ҳаҷми сармоягузорӣ ва маҳдудшавии талаботи бозори дохилӣ дар аввали соли 2017, ҳаҷми воридот бо муъодили доллар 17,5 дарсад бо ҳисоби солона коҳиш ёфтааст.
Коҳиши чашмраси воридот, афзоиши содирот ва поёнравии пойдори қисми сармоягузории воридот аз оғози соли 2016 аз заъифшавии чашмандози рушди ояндаи Тоҷикистон дарак медиҳад, омаддаст дар гузориш.
Коҳиши чашмраси молҳои сармояӣ, маҳсулоти сохтмонӣ ва воситаҳои нақлиёт ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳамин ҳол афзоиши содироти молҳо ба 60% ба ҳисоби солона расидааст, ки бештари онро маҳсулоти хом ташкил медиҳанд. Содироти молҳои саноъати нассоҷӣ ҳам ба назар мерасад, вале дар ҳаҷми кам.
Дар ҳамин ҳол ҳаҷми содироти молҳои асосии кишвар мисли алюминий ва пахта ба коҳиши бошиддаташ (21,6% ва 18,5% мутаносибан) идома додааст, ки таъсири бозии нархи ин маҳсулот дар бозор гуфта шудааст.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар 11 моҳи соли 2017 содирот дар муқоиса бо ҳамин давари соли 2017 35,4% афзоиш ёфта, воридот 10% кам шудааст, вале аксари молҳои содиротиро маҳсулоти хоми коркарднашуда ташкил медиҳанд.