Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ иттилоъ медиҳад, ки аз 1 феврал то 18 марти соли равон 1890 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, ба карантин фаро гирифта шудаанд
Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар баробари шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Италия, Эрон ва Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд, ҳамзамон, шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои Фаронса, Испания, Шветсия, Швейтсария, Британияи Кабир, Норвегия, Нидерландия, Олмон, Белгия, Дания ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бевосита ва тавассути дигар давлатҳо ба қаламрави Тоҷикистон ворид мегарданд, ба карантин фаро гирифта хоҳанд шуд.
Котиботи вазорати мазкур хабар медиҳад, ки муддати ба карантин фаро гирифтани шаҳрвандони аз кишварҳои номбурда ба Тоҷикистон воридшуда 14 рӯзро дарбар мегирад.
Ҳамзамон, Вазорати тандурустӣ меафзояд, сар аз 1 — уми феврал то 18 марти соли равон 1890 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, ба карантин фаро гирифта шуданд.
Аз ин шумора то санаи зикргардида 1426 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 464 нафарашон дар беморхонаҳои сироятии мамлакат ба карантин фаро гирифта шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, манбаъи Паём чанд рӯз қабл иттилоъ дод, натиҷаи ташхиси шаш нафари баргаштагон аз Чин, ки дар карантин нигоҳдорӣ мешаванд, мусбат баромада, аммо мақомот онро пинҳон медоранд. Сабаби пинҳонкорӣ ҷашни Наврӯз гуфта мешавад.
Як манбаъи мӯътамади Паём иттилоъ дод, ки натиҷаи ташхиси гирифторӣ ба вируси коруно байни баргаштагон аз Чин 6 посухи мусбат додааст.
Ду нафари ин мубталоён чинӣ буда, 4 нафари дигар шаҳрвандони Тоҷикистон гуфта мешавад.
Тибқи иттилоъи манбаъ, яке аз чиниҳои мубтало ба COVID-19 раҳбари намояндагии ширкати Huawei дар Тоҷикистон будааст.
Ҳамаи гирифторон дар беморхона зери табобат қарор доранд ва иттилоъе дар бораи сироятшудагони дигар вуҷуд надорад.
Мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд то анҷоми ҷашни Наврӯз хабарро расонаӣ накунанд.