Дипломатҳои Афғон қасд доранд, аз болои Тоҷиксодиротбонк ба суди байналмиллалӣ шикоят баранд.
Чор тан аз дипломатҳои афғон, ки пасандозҳояшонро аз соли 2008 инҷониб дар “Тоҷиксодиротбонк” ба амонат гузоштаанд, тайи се соли охир наметавонанд пулҳояшонро бозпас бигиранд.
Ба гуфтаи Азиз Бориз, дипломати афғон онҳо се сол ин ҷониб талош доранд, ки пасандозҳояшонро аз “Тоҷиксодиротбонк” бозпас бигиранд, аммо бо гузашти ин муддат ба он муваффақ нашудаанд.
Азиз Бориз, дипломати афғон дар сӯҳбат бо “Озодӣ” гуфтааст, мақомоти “Тоҷиксодиротбонк” “бар хилофи шартномае, ки бо мо имзо карданд, дар як соли гузашта, ки бо мо дар музокироти мустақим ва ғайри мустақим ҳастанд, мо дарёфтем, ки онҳо дар суҳбатҳояшон он чӣ мегӯянд ва он чӣ амал мекунанд, содиқ нестанд. Биноан мо натавонистем, ки ин пулҳои худро бозпас бигирем.”
Ин дипломати афғон афзуд: “Мутобиқи як банде аз шартномае, ки мо бо онҳо дорем ҳар вақте, ки мехостем, метавонистем, пулҳоямонро пас бигирем, аммо дар мулоқоти мо, ки бо раиси бонки мазкур оғои Тоҷиддин ва намояндаашон хонуми Нигина доштем, онҳо ба гуфтаашон амал накардаанд. Гуфтанд, ки мо наметавонем пулҳоятонро якҷоя ба Шумо дастрас кунем, балки метавонем қисм-қисм бидиҳем, ки ин хилофи он қарододе, ки мо байни ҳам баста будем, аст. Хулоса ба қавли роиҷ ба сари мо кӯлоҳ гузоштанд.”
Ба гуфтаи дипломати афғон ин қазияи борҳо байни намояндагони баландпояи ду ду кишвар баррасӣ шудааст, аммо ҳали худро пайдо накард . Азиз Бориз дар идомаи сӯҳбаташ иброз дошт, ки мо тасмим гирифтаем бо раисҷумҳурии Тоҷикистон шикоят барем. Дар сурати натиҷа надодани ин арзҳо ба Эмомалӣ Раҳмон, ба суди байналмиллалӣ шикоят хоҳем бурд.