Рубрики Хабарҳо

Сафари Раҳмон ба Урдун ва имзои созишномаҳои маъмулӣ

Дирӯз, 10 декабр раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Шоҳигарии Ҳошимии Урдун рафт.

Дар Урдун Эмомалӣ Раҳмон бо  Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II, сарвазири ин кишвар Ҳонӣ Фавзӣ ал-Мулкӣ ва дигар мақомоти расмии он мулоқот анҷом дод.

Ҷонибҳо дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, илму маориф, сайёҳиву  кишоварзӣ ва фарҳангу варзишро баррасӣ қарор доданд.

Ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар бахшҳои саноати сабук, истихроҷи маъданҳо, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва гидроэнергетика бо истифода аз имкониятҳои фарохи неъматҳои модии Тоҷикистон, аз қабили об, сангҳову металлҳои қиматбаҳо, металлҳои рангаву сиёҳ ва дигар маъданҳои кӯҳӣ, таъкид карда шуд.

Барои ба сатҳи ҷавобгӯ, қарор шуд Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву илмӣ таъсис дода шавад.

Баъди анҷоми мулоқоту музокирот, эъломия ва санадҳои зерин ба имзо расид:

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ;

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя;

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ.

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба бекор кардани раводид барои дорандагони шиносномаи дипломатӣ;

— Ёддошти тафоҳум дар бораи машваратҳои дуҷонибаи сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун;

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ;

— Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун дар соҳаи фарҳанг ва санъат;

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

— Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун;

— Созишнома байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба таъсис додани Шӯрои соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун.

Дар ҳамин ҳол, ба ҷуз санадҳои маъмулие, ки дар ҳама сафарҳои раисҷумҳур имзо мешавад ва то имрӯз ҳеҷ нишони фаъол шудани онҳо ба назар нарасидааст, ҳеҷ санади мушаххасе, ки даромади муайянеро барои ҷонибҳо дар пай дошта бошад, имзо нашуд. Ягона фарқияти ин санадҳои имзошуда аз санадҳои қаблие, ки зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон имзо мешуданд, ин буд, ки санади супоридани ҷинояткорон дида намешавад.

Барои муқоиса мешавад сафари раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғаниро ба Ӯзбекистон мешавад зикр кард, ки зимни он созишномаҳои мушаххас ба маблағи беш аз ним миллиард доллар имзо шуданд, ки дар назр аст садҳо миллион ба иқтисоди ҳарду кишвар фоида оварад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *