Сомонаи иттилоотӣ-таҳлилии “Паём” байни муҳоҷирони тоҷик дар мавзӯъи “Одамони оддӣ бо тақдири ғайриоддӣ” озмун эълон мекунад.
Ҳадафи озмун ҷалби диққати ҷомеъа, чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар хориҷи он, ба мушкили нақзи густардаи ҳуқуқи башар дар сатҳи давлатӣ мебошад.
Ба тамоми олам таърихи зиндагии худ, шароите, ки шуморо маҷбур ба тарки ватан кард, мушкилоти роҳ ва мушкилоти пешомада дар кишвари нави истиқомататон ҳикоя кунед.
Ба озмун ҳамаи муҳоҷирони тоҷик, ки маҷбур ба тарки ватан шудаанд, даъват мешаванд.
Қисса бояд аз ҳаёти шахсии шумо, бо забони тоҷикӣ ё русӣ ва на камтар аз ду саҳифаи А4 бошад. Зикри ному насаб ҳатмӣ нест, метавонед тахаллусро истифода кунед.
Навиштаи шумо набояд маводи тарғибкунандаи табъиз, нафрат ё хушунат бинобар таъаллуқ доштан ба ин ё он гурӯҳи нажодӣ, қавмӣ, миллӣ, забонӣ, мазҳабӣ ва дигар гурӯҳҳои иҷтимоиро дошта бошад.
Қиссаҳоятонро ба нишонии payom.net@gmail.com бифристед
Оғози озмун 15 январи соли 2018, анҷомаш 21 марти соли 2018 аст.
Ҳар қисса аз тарафи комиссиюни мураттаб аз коршиносон ва ҳомиёни ҳуқуқ баҳогузорӣ мешавад. Натиҷаи озмун 05 апрел эълон мешавад.
Ҳамаи қиссаҳо дар сомонаи “Паём” бо забони тоҷикӣ ва русӣ нашр хоҳанд шуд.
Ҷоизаҳо:
Ҷои аввал: 250 доллари ИМА;
Ҷои дуввум 150 доллари ИМА;
Ҷои саввум 100 доллари ИМА
Барои маълумоти бештар дар бораи озмун тавассути нишонии элетронӣ бо масъулин тамос гиред.