Рубрики Хабарҳо

Эътирофи артиши Миёнмор ба куштори мусалмонон

Артиши Миёнмор билохира ба куштани даҳ мусалмони Роҳиниё эътироф кардааст. Ҷасади ин даҳ нафар дар як гӯри дастаҷамъӣ дар вилояти Роҳин кашф шуда буд. Давлати ин кишвар бо вуҷуди кушторҳои ваҳшиёна, ҳама гуна иттиҳом мабнӣ бар даст доштани артиш дар ин кушторҳоро рад карда буд.

Давлати Миёнмор эътироф кард, ки теъдоде аз сарбозонаш дар куштори даҳ мусалмони роҳиниёӣ даст доштаанд. Ҷасади ин 10 нафар дар моҳи декабри соли 2017 дар вилояти Роҳин  дар як гури дастаҷамъӣ пайдо шуда буд. Бархе аз созмонҳо ва кишварҳо артиши Миёнморро дар поксозии қавмӣ дар ин минтақа масъул медонанд.  

Ба гузориши шабакаи хабарии СНН артиши Миёнмор дар баёнияе, ки дар фейсбук мунташир карда навиштааст: “Алайҳи ҳама рустоиён ва нерӯҳои артише, ки дар ин куштор даст доштаанд, иқдоми қонунӣ сурат хоҳад гирифт.”

Дар баёнияи артиши Миёнмор ҳам дар бораи террористон навишта шудааст. Аз ҷумла дар баёния омадааст: «ҳудуди 200 террористи банголӣ моҳи  сентябри 2017 дар рустое дар вилояти Роҳин бо чӯб ба нерӯҳои амниятӣ ҳамла кардаанд. Дар муқобил нирӯҳои амниятӣ бо шиллики тири ҳавоӣ талош кардаанд онҳоро водор ба ақибнишинӣ кунанд. Дар идомаи амалиёт 10 тан аз террористҳо дастгир шудаанд.»

Дар баёнияи артиш ҳамчунин омадааст, ки мардони дастгиршуда ба русто мунтақил шудаанд. Сипас рустоиёни буддоии иёлати Роҳин ин даҳ нафарро ба зӯр ба даруни гӯри холӣ кашонданд. Ба  иддаои артиш Миёнмор дахолати буддоиён ба даргирӣ ва кушта шудани ин афрод мунҷар шудааст.

Артиши Миёнмор ақаллияти мусулмони роҳиниёро «муҳоҷирони банголӣ» медонад ва эътиқод дорад, ки ин афрод бумӣ набуда ва ба таври ғайриқонунӣ аз Бангладеш вориди ин кишвар шудаанд. Мусулмонони Роҳиниё ин мавзӯъро рад мекунанд.  

Хушунат алайҳи мусулмонони Роҳиниё аз моҳи августи 2017 шиддат гирифт ва ба ихроҷи  650 ҳазор тан аз онон аз Миёнмор ба Бангладеш мунҷар шудааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам аксу наворҳои сӯзондан ва куштори мусалмонон ба дасти артиши Миёнмор бозтоби густардае дошт. Ин амр эътирози бисёр кишварҳоро дар пай дошт. Аммо то ҳол як тасмими қатъӣ ва мушаххас дар бораи мусалмонони ин минтақа гирифта нашудааст ва тақдири мусалмононе, ки ба Бангладеш фирор кардаанд норавшан боқӣ мондааст.

Пеш аз эътирофи артиши Миёнмор, давлати ин кишвар ҳар гуна иттиҳом мабнӣ бар тавассули артиш ба хушунат алайҳи мусулмонони Роҳиниёро рад карда буд. Мусулмонони Роҳиниё дар Миёнмор ба гуфтаи Созмони Милал, бузургтарин ҷамъияти бидуни тобеият дар ҷаҳон ҳастанд ва аз муддатҳо пеш аз дастрасӣ ба бисёре аз хадамоти иҷтимоӣ маҳрум ҳастанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *