Рубрики Хабарҳо

Путин гуфт омилони ҳамла ба пойгоҳи Русияро мешиносад

Владимир Путин, раисҷумҳур Русия дар ҷамъ хабарнигорон дар Маскав бо баёни иники бо Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия дар бораи ҳамалот ба пойгоҳҳои Русия дар Сурия ба сурати телефонӣ гуфтугӯ кардааст, изҳор дошт: «омилони ин ҳамалотро мешиносем. Давлат ва артиши Туркия пушти ин ҳамалот нестанд».

Вай афзуд: ҳамалот алайҳи пойгоҳҳои Ҳмаймим ва Тартус барои баҳам задани равобити Русия бо шариконаш, аз ҷумла Туркия сурат гирифтааст.

Путин бо ишора ба инки ҳамалот бо паҳподҳо ба ин пойгоҳҳо як нақшаи тарроҳишуда аст, тасреҳ кард: «Омилон ин ҳамалотро мешиносем. Медонем, ки барои ин ҳамла чӣ қадар пардохт кардаанд. Мутмаин ҳастам, ки давлат ва артиш Туркия пушт ин ҳамалот нестанд».

Қаблан рӯзномаи русии “Коммеррсант” тайи гузорише эълом карда буд, ки дар пайи ҳамлаи «гурӯҳҳои мухолиф» дар таърихи 31 декабри 2017 ба пойгоҳи ҳавоии «Ҳмаймим» дар устони Лозиқияи Сурия, ки дар ихтиёри Русия қарор дорад, беш аз 10 сарбоз захмӣ ва дасти кам 7 ҷанганда мунҳадим шудааст.

Вазорат дифоъи Русия низ бо ради бахше аз ин иддаоҳо, кушта шудани ду низомии рус дар ин ҳамалотро таъйид ва эълом карда буд, ки инҳидоми 7 фарванди ҳавопаймои ҷангии мавҷуд дар ин пойгоҳ беасос ва дурӯғ аст.

Ин ҳамалотро гурӯҳи ношиноси «Ҷунбиши озоди алавӣ» ба ӯҳда гирифта буд.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *