Рубрики Хабарҳо

Эрон ба фаъолиятҳои ҳастаии худ суръат дод

Сухангӯи Созмони энергии атомии Эрон эълом кард, ки қабл аз поёни се моҳи мӯҳлати таъйиншуда, ҳазор сентрифуҷ IR-2mро насб хоҳад шуд. 

Беҳрӯз Камолвандӣ, сухангӯи Созмони энергии атомии Эрон имрӯз тайи изҳороте дар ҷамъи хабарнигорон дар иртибот бо насби сентрифужҳои IR-2m тибқи мусаввабаи маҷлиси ин кишвар дар Натанз, гуфт: Алъон омори дақиқ надорам. Аммо ҳатман қабл аз поёни се моҳи мӯҳлати таъйиншуда, ҳазор мошини iIR-2m-ро насб шуда хоҳем дошт. 

Ба гузориши ИСНО, Камолвандӣ гуфт: Захоири ураниум ғанишуда 20 дарсади кишвар ба ҳудуди 17 килограмм расидааст. 

Камолвандӣ дар робитаи изҳороти ахири Тони Блинкун, вазири хориҷаи Амрико дар робита бо иҷрои тааҳҳудоти Эрон дар қиболи Барҷом изҳор кард: Асоси он чи аз сӯи масуълони кишвар шунидам қарор аст тарафи муқобил тааҳҳудоти худро анҷом диҳад ва агар қарор бошад Эрон ба тааҳҳудоташ баргардад масуълони боло ва маҷлис дар ин бора тасмим мегиранд. Он чи муҳим аст ин ки дар Созмони энерҷии атомӣ омодагӣ дорем бо зарфияти комил фаъолиятҳои худро дошта бошем ва мо мунтазири дастурот ҳастем. 

Сухангӯи Созмони энерҷии атомии Эрон дар посух ба ин ки агар то авоили исфанд Амрико ба Барҷом бознагардад иҷрои протакол илҳоқӣ лағв мешавад гуфт: Мусалламан мо қонунро мӯ ба мӯ иҷро мекунем. Ин ки протоколи илҳоқиро иҷро мекунем ё на тасмими марбут ба давлат ва маҷлис аст. Мо барои иҷрои қонун омодагӣ дорем ва он чи муҳим аст ин ки бо таҳмили иродаи мардуми Эрон бар бадхоҳон битавонем шароитро беҳтар кунем.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *