Сомонаи хабарӣ — таҳлилии “Паём” рӯзноманигорон ва таҳлилгаронро чӣ дар дохили кишвар ва чӣ берун аз он, ба ҳамкорӣ даъват мекунад. Макони будубоши Шумо аҳамият надорад.
Агар таҷрибаи кӯчак, вале хоҳиши бузург доред, аз шиносоӣ бо Шумо хушҳол хоҳем шуд!
Мо ба хабар, мақола, мусоҳиба ва таҳқиқоти журналистӣ бар асоси ҳақоиқ, на тахайюл ниёз дорем.
Мо ба кӯшоӣ ва дақиқкорӣ аҷр мегузорем.
Аз тарафи худ ба Шумо имкони тавсеъаро ҳамроҳ бо мо кафолат медиҳем.
Зикри ному насабатон дар мақола шарт нест, метавонед тахаллус интихоб намоед. Ҳақи қалам баъди тасвиби ҳайати таҳририя ва нашри он дар сомона, пардохт мешавад.
Тарзи пардохт бо ҳар нафар алоҳида баррасӣ хоҳад шуд.
Жанрҳо тибқи ҷадвали зерин нархгузорӣ мешаванд:
Жанр | Ҳақи қалам |
Хабар | $15 |
Мақола ва таҳлил | $50 |
Репортаж | $40 |
Таҳқиқоти журналистӣ | $200 |
Видео | $20-40 |
Мавзӯъҳоеро, ки метавонед ба мо ироа диҳед, ба нишонии элетронӣ бифристед:
payom.net@gmail.com