Рубрики Хабарҳо

Патрушев: То 4000 нафар гурӯҳи ДИ дар марзи Тоҷикистон ҳузур доранд

Русия афзоиши ҳамлаҳои гурӯҳҳои ҷангҷӯ, бахусус гурӯҳи даҳшатафкани Давлати исломӣ дар Афғонистонро маншаи аслии таҳдид ба амнияти кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва минтақаи Осиёи Марказӣ донист.

Тавре  рӯзномаи русии “Российская газета”, гузориш додааст, Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия зимни суханронияш дар чаҳордаҳумин нишасти дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон эълом кард, ҷангҷӯён аз ҷумла гурӯҳи даҳшатафкани Давлати исломӣ, аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро ба унвони пойгоҳи муносибе барои густариши иддеологияи ифротии хеш дар назар гирифта, фаъолияти ҷиддиро дар ин замина анҷом медиҳанд.

Николай Патрушев хабар дод, ки аз 2 ҳазору 500 то 4 ҳазор гурӯҳи даҳшатафкани Давлати исломӣ айни ҳол дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон ҳузур доранд ва ба ҳамин тартиб хатари нуфузи онҳо ба ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ низ афзоиш ёфтааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *