Абдуллоҳи Шамсиддин, писари узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Шамсиддини Саид аз тарафи пулиси Олмон боздошт шуда ва ба ӯ хатари истирдод таҳдид мекунад. Пулис кӯшидааст Абдуллоҳро бо парвозе, ки дирӯз анҷом шуд ба Тоҷикстон фиристад, аммо муваффақ нашудааст.
Шамсиддин Саид ба “Паём” гуфт писараш Абдуллоҳро субҳи дирӯз аз ҷои истиқоматаш боздошт карда ва ба самти номаълум бурдаанд. То ҳол макони будубоши ӯ ба наздиконаш хабар дода нашудааст. Вакилони дифоъаш мегӯяд одатан дар 24 соати аввал мақомот макони нигаҳдории боздоштшударо ифшо намекунанд.
Ба Абдуллоҳ муяссар шудааст бо ирсоли паёмаки кӯтоҳ ба падараш аз боздошташ хабар диҳад.
Шамсиддини Саид мегӯяд иттилоъе дарёфт карда, ки писарашро дирӯз ба фурӯдгоҳ бурдаанд, то ба Тоҷикистон истирдод кунанд, аммо муваффақ нашудаанд. Ҳоло иттилоъи дигаре ҳам расида, ки ӯро барои кадом муоинаи тиббие бурдаанд.
Абдуллоҳи Шамсиддин дар Олмон паноҳанда буда, аммо дар пешниҳоди кадом ҳуҷҷате таъхир кардааст. Дар ҳамин ҳол тибқи қавонини нави Олмон ӯ имкон дошт паноҳандагӣ дарёфт кунад, аммо пулис бидуни огоҳии қаблӣ боздошташ кардааст.
Ҳоло вакили дифоъи Абдуллоҳ, ки аз ҷониби падараш истихдом шуда ва созмонҳои ҳуқуқибашарӣ мекӯшанд ҷои ӯро муайян намуда аз истирдодаш пешгирӣ намоянд.
Замоне ки ин хабар ба нашр омода мешуд, Шамсиддини Саид ба Паём иттилоъ дод, ҳамсари Абдуллоҳ ба пулиси шаҳри Дортмунд, шаҳре, ки онҷо истиқомат мекунанд муроҷиъат кардааст, аммо пулис гуфта, ки боздошти Абдулллоҳ кори дасти онҳо нест. Мақомоти Хадамоти муҳоҷират ҳанӯз ба дархости хонаводаи боздоштшуда посух надодаанд.
Дар сурати истирдод ба Абдуллоҳи Шамсиддин хатари шиканҷа ва ҳукми тӯлонии зиндон таҳдид мекунад.
Соли 2020 мақомоти Утриш паноҳандаи узви ҲНИТ Ҳизбулло Шовализодаро ба Тоҷикистон истирдод карда буданд ва додгоҳи Тоҷикистон ӯро барои 20 сол равонаи зиндон кард.