Рубрики Хабарҳо

Кумакхоҳии муҳоҷирони тоҷик барои ирсоли ҷасади як муҳоҷир (видео)

Дирӯз дар шабакаи “Ютуб” наворе нашр гардидааст, ки пайвандони як муҳоҷири тоҷик аз ҳамватанони худ дархости кӯмак кардаанд. Ин наворро канали “Голос мигранта” нашр кардааст.

Дар навор ному насаби ин муҳоҷир ва ҷои истиқомати ӯ гуфта нашудааст. Танҳо як нафари дигар, ки маълум аст худаш ҳам муҳоҷири корӣ аст, дар навор зоҳир мешавад ва шарҳ медиҳад, ки ин муҳоҷир бар асари латукӯб  ҷон бохтааст. Фақат гуфта мешавад, ки дар яке аз сохтмонҳои шаҳри Маскав ин иттифоқ рух додааст.

Агарчи пайвандони ин муҳоҷир пайдо шуда бошанд ҳам, маблағи интиқоли ҷасадро ба Тоҷикистон надоранд. Зеро ба ҷуз маблағи интиқол, онҳо бояд дар сардхона(морг) ҳам маблағ пардохт кунанд. Бинобарин як гурӯҳ муҳоҷирони дигар иқдом ба нашри ин навор кардаанд.

Дар ин навор рақами телефон ва рақами бонкии пайвандони ин муҳоҷири марҳум гузошта шудааст ва аз накӯкорон даъват шудааст, ки ба онҳо кӯмак кунанд.

 

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *