Рубрики Хабарҳо

Алим Шерзамонов дар САҲА: «Ниёз ба низоми нави ҷаҳонӣ пайдо шудааст»

Суханронии Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллии Тоҷикистон дар нишасти САҲА дар Варшава, ки бо мавҷи кафкӯбиҳо истиқбол шуд.

Ҷаноби раис, хонумҳо ва ҷанобон! 

Ман кӯтоҳ хоҳам гуфт. 

Соли панҷум аст, ки дар табъид қарор дорам ва соли панҷум дар нишасти Дафтари ниҳодҳои демократик ва ҳуқуқи башари (ДНДҲБ) Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) ҳузур меёбам. 

Инҷо аз баромадкунандагон талаб мешавад, ки бар иловаи зикри мушкил роҳҳал низ пешниҳод кунанд. 

Соли гузашта мо 30 солагии ДНДҲБ САҲА-ро ҷашн гирифтем ва инак сивуякум сол аст, ки дар Тоҷикистони мо ҳукумат иваз нашудааст. Барои боқӣ мондан дар ҳукумат Раҳмон чаҳор бор аст, ки бо истифода аз механизмҳои интихоботӣ Сарқонунро тағйир ва ҳукумати худро тамдид мекунад ва ҳамчунон ҷаҳони мутамаддин аз дастфишории ӯ парҳез намекунад. Ҳоло ман бояд роҳҳалҳое пешниҳод кунам.

Ин ҳам роҳҳалҳои пешниҳодии ман:

Ниёз ба низоми нави ҷаҳонӣ пайдо шудааст. 

Ду чизи ба ҳам муртабит дар системаи ҷаҳонӣ вуҷуд доранд, ки дигар наметавонанд танҳо кори дохилии давлатҳо боқӣ монанд — ин фасод ва тақаллуб дар интихоботҳост.  Зеро дар кишварҳое, ки ҳукумат дар натиҷаи овоздиҳии мардум машруъият пайдо мекунад, интихобот набояд кори дохилии ин кишварҳо бошад.

Набояд ба ин гуна режимҳо машрӯъияти байналмиллалӣ дода шавад. Бо ҳар дафъа кори дохилии режимҳо эътироф кардани дасткорӣ дар овозҳои мардум, мо билохира ба ҷое расидем, ки бархе кишварҳо бо истифода аз механизмҳои интихоботӣ ғасби қаламрави кишварҳои ҳамсояашонро қонунӣ гардониданӣ мешаванд.  

То замоне, ки ба ном раисҷумҳурҳо 20 сол ва бештар аз он дар ҳукумат боқӣ мемонанд ва ҷаҳони мутамаддин аз фишурдани дасти онҳо парҳез намекунад, то замоне, ки сафирони кишварҳои демократӣ ба ифтихори поёни маъмурияташон барои онҳо зиёфатҳое дар пояи мансабдорони фосиди ин кишварҳо ташкил медиҳанд ва ҳукумати демократитарин кишвари дунё бовариномаи сафири кишвар — духтари диктотури бо роҳи ғайридемократӣ интихобшударо қабул мекунад, чӣ гуна роҳҳалҳои дигаре мешавад пешниҳод кард?

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *