Рубрики Хабарҳо

Шӯрои амнияти Созмони Милал дар масъалаи Фаластин ҷаласа ташкил медиҳад

Тайсир Ҷародот, муовини вазири умури хориҷаи Фаластин ба хабарнигор гуфт, Шӯрои амнияти Созмон Милал фардо, ҷумъа (25 январ) барои баррасии масъалаи Фаластин ҷаласаи изтирорӣ ташкил хоҳад дод.

Вай афзуд, ки ин нишаст ба дархости Фаластин ва ба миёнаравии мақомоти Кувайтӣ баргузор мешавад.

Риёз Мансур, намояндаи Фаластин дар Созмони Милал низ дар гуфтугӯи дирӯзи худ бо радиои «Садои Фаластин» изҳор дошт, ки ҷаласаи мазкур ба манзури хотирнишон кардани масъулияти марбута ба аъзои Шӯрои амният дар қиболи қатъномаҳои Созмони милали муттаҳид дар бораи Фаластин баргузор хоҳад шуд.

Яке аз ин қатъномаҳо Байтулмуқаддасро пойтахти Фаластин эълон кардааст, вале раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп бар хилофи он эълом кард, кишвараш Байтулмуқаддасро пойтахти Исроил мешиносад ва бу зудӣ сафораташро дар Исроил ба онҷо интиқол хоҳад кард.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *