Рубрики Хабарҳо

Ашраф Ғанӣ вориди Тошканд шуд

Расонаи иттилоотии  Дунё АА хабар дод, ки президенти  Афғонистон имрӯз бо як сафари корӣ вориди Тошканд шуд.

Интизор меравад, ки раҳбари Афғонистон дар конфронси байналмилалии «Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ», ки рӯзҳои 15-16 июл дар Тошканд баргузор мешавад, ширкат варзад.

Дар ин конфронс сарвазири Покистон, вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ, Чин, Русия, намояндаи махсуси ИМА дар Афғонистон — дар маҷмӯъ тақрибан 600 намоянда ширкат меварзанд.

Ин конфронси сатҳи баланд бо ибтикори раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев ба таҳкими муносибатҳои дӯстона, эътимод ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ равона шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *