Categories Хабарҳо

Таваккул Карманро аз ҳизби “Ислоҳ”-и Яман ихроҷ карданд

Таваккул Карман, барандаи ҷоизаи нобелии сулҳ, ба далели ин ки аз амалкарди эътилофи таҳти раҳбарии Арабистон интиқод карда буд, дар Яман аз ҳизби сиёсие, ки худ узви он буд, хориҷ шудааст.
Ҳизби ‘Ислоҳ” дар ҷанги дохилии Яман аз давлати расмии ин кишвар ҳимоят мекунад, ки ҳампаймони эътилофи Арабистон аст.
Таваккул Карман, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Арабистони Саъудиро «ишғолгарон» тавсиф кардааст.
Тавре хабаргузории BBC иттилоъ додааст, Ҳизби ислоҳи Яман аз ин суханони хонум Карман интиқод карда, нақши Арабистони Саъудиро сутудааст.
Барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел, ҳамчунин Арабистони саудӣ ва Амороти муттаҳидаи арабиро муттаҳам карда, ки ба думболи таҷзияи дубораи Яман ҳастанд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *