Categories Хабарҳо

Пешниҳоди бурдани муҳоҷирони корӣ ба Русия тавассути қатор

Вазорати сохтмони Русия пешниҳод кард, ки муҳоҷирони кориро барои сохтмонҳои Русия на бо хатсайрҳои чартерӣ, балки тавассути қаторҳои чартерӣ ворид кунанд,.

Тавре ТАСС хабар медиҳад, чунин пешниҳодро муовини вазири сохтмон ва манзилию коммуналӣ Никита Стасишин дар мулоқот бо сохтмончиён дар Санкт-Петербург ба миён гузоштааст.

Ба гуфтаи Стасишин, ин усул нисбат ба ҳавопаймоҳо арзонтар хоҳад буд ва интиқоли ҳазор муҳоҷирро дар як сафар таъмин хоҳад шуд.

Стасишин гуфтааст, «мо метавонем дар сатҳи худ ба Роҳи оҳани Русия муроҷиат кунем, аммо он бешубҳа аз фармоиши ҳавопаймоҳо арзонтар хоҳад буд».

Имрӯз, муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия танҳо тавассути ҳавопаймоҳо мерасанд.

Ин ба вазъи молиявии таҳиягарон ва соҳаҳои дигари сохтмон, ки аз сабаби нокифоя будани парвозҳо шумораи зиёди коргаронро аз даст додаанд, таъсири манфӣ мерасонад.

Ёдовар мешавем, қаблан муовини сарвазир Марат Хуснуллин, ки маҷмааи сохтмониро назорат мекунад, норасоии муҳоҷиронро дар сохтмонҳои азим мушкилоти рақами як дар соҳа номид.

Ба гуфтаи Хуснуллин, дар сохтмонҳои Русия аз 1,5 то 2 миллион коргар намерасад.

Қаблан дар Русия пешниҳод шуда буд, ки маҳбусон ба муҳоҷирин дар сохтмонҳо иваз карда шаванд, ки ин идея миёни мансабдорон дастгирӣ низ ёфта буд.

Аммо коршиносон гуфтанд, ки маҳбусон наметавонанд дар сохтмонҳо муҳоҷиринр

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *