Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар даври финалии Чемпионати Осиё-2018 дар гурӯҳи худ се бозӣ гузаронд ва бо ду мағлубият рӯбару шуда, як ғалаба ба даст овард.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ додаанд, дар чемпионати Осиё, ки аз 1 феврал дар Тайбэйи Чин шурӯъ шуда, то 11 феврал идома меёбад, Тоҷикистон дар як гурӯҳ бо дастаҳои Япония (1 феврал), Ӯзбекистон (3 феврал) ва Кореяи Ҷанубӣ (5 феврал) бозӣ кард.
Бозии якуми даста бо дастаи Япония бо натиҷаи 2:4 анҷом ёфт. Голҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистонро Файзалӣ Сардоров ва Некрӯз Алимаҳмадов ба ҳадаф расониданд. Дар бозии дуюм бо дастаи Ӯзбекистон низ чунин ҳисоб ба қайд гирифта шуд, ки муаллифи голҳои дастаи мо Умед Кузиев ва Дилшод Саломов буданд.
Баъди ин шикастҳо имкони ба даври дигар гузаштанро аз даст доданд, аммо дар бозии охир ба мухлисон хурсандӣ бахшиданд.
Футзалчиёни тоҷик ба дарвозаи дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ ҳафт голи беҷавоб заданд. Голҳоро Умед Кузиев, Баҳодур Хоҷаев, Дилшод Саломов, Раҳмоналӣ Шарифов, Рустам Ҳамидов, Иқболи Воситзода ба ҳадаф расонданд. Ҳунари олии дарвозабон Муродулло Алиқулов буд, ки ҳарифон натавонистанд ба дарвозаи ӯ гол бизанад.
Дар ин гурӯҳ Япония бо се ғалаба (бо Тоҷикистон 4:2, бо Корея 5:2 ва бо Ӯзбекистон 4:2) дар садри ҷадвал аст. Ӯзбекистон бо ду ғалаба (бо Корея 13:2, бо Тоҷикистон 4:2) ва як шикаст (бо Япония 2:4) дар ҷойи дуюм аст. Тоҷикистон бо як ғалаба дар зинаи сеюм монд, ки имкони ба даври дигар гузаштан надорад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Япония дар даври дигар бо дастаи ҷойи дуюми гурӯҳи «А» ва Ӯзбекистон бо ғолиби ин гурӯҳ бозӣ мекунанд.