Рубрики Хабарҳо

Абӯ Ҳасани тоҷик ва ғорати буҷаи давлат тавассути сохтмонҳо

Қайчиҳои Раҳмон лентаҳои киро мебурранд?

Ҳасан (Асадуллозода) ба хонаи Эмомалӣ Раҳмон меҳмонӣ меравад. Вале язнаашро дар хона пайдо намекунаду аз хоҳараш Азизамоҳ мепурсад:

— Язнаам куҷост?

— Ҳаминҷо буд, намедонам…

— Ман ҳама ҷоро кофтам, нест.

— Бирав, ҷевонро нигоҳ кун. Агар қайчиҳояш ҳамонҷо бошанд, дар хона аст. Агар набошанд, куҷое лентабуррӣ рафтааст.

Ин танҳо латифа аст. Дар асл бештари сохтмонҳои бузург, ки дар кишвар сурат мегиранд ва Раҳмон бо тантана лентаашонро мебуррад, аз тарафи Асадуллозода сохта мешаванд. Баъдан маркази матбуотии раисҷумҳур бо тамоми овоз аз созандагиву ободкории “Пешвои миллат” бонг мезанад.

Бояд қайд кард, сохтмон дар тамоми дунё роҳи осони пулшӯӣ ҳисобида мешавад.  

Ғӯли сохтмон

Тоҷири муваффақ” Ҳасан Асадуллозода ҳамаи бизнесҳои бисёрмиллиониро ба ба хок нишонд. Аз ҷумла ТАлКо, Ориёнбонк, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”, Ширкати сӯзишворӣ ва сӯхтгирӣ (Топливно-заправочная компания), ки ҳақи инҳисории воридоти сӯхти ҳавопаймоӣ ба кишварро дорад. Ин рӯйхатро метавон идома дод ва ҳатман Паём рӯзе ба он бар хоҳад гашт.

Асадуллозода ҳамчунин ба сохтмонҳои иншооти бузурги давлатӣ ба даҳҳо миллион доллар машғул аст.

Бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказиро ба ивази 100 миллион доллар “СТС-Иншоот” ва “Сомон таҷҳизот” месозанд. Ин ду ширкати сохтмонӣ тобеъи холдинги “Исмоили Сомонӣ” ҳастанд, ки 100% саҳмияҳояш ба Ҳасан Асадуллозода тааллуқ дорад. Бузургтарин масҷид, ки метавонад 115 ҳазор нафарро ҷой диҳад, аз ҳисоби сармояи Қатар сохта мешавад.  

Айни замон ширкати сохтмонии “СТС-Иншоот” ба сохтмони бинои маъмурии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино машғул аст. Фармоишгари ин сохтмон ҶСК “Шаҳрофар” мебошад, ки ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон таъаллуқ дорад.

Бояд қайд кард, ки бинои Донишгоҳи тиббӣ соли 2007 пурра сӯхта ва соли 2008 бинои нави он ба истифода дода шуда буд.

Ҳазинаи умумии сохтмони маҷмаъаи нави маъмурии донишгоҳ, тибқи ҳисобҳои пешакӣ 85 миллиону 416 ҳазор сомонӣ (10 миллион доллар) аст ва он аз се бинои нӯҳошёнаву чорошёна иборат аст.

Дар хиёбони Рӯдакии Душанбе ба маблағи 138 миллиону 400 ҳазор сомонӣ (20 миллион доллар бо қурби ҳамонвақта) маҷмаъаи биноҳои истиқоматии 12, 14 ва 16 ошёна, дорои маркази хизматрасониву савдо ва истгоҳи зеризаминӣ сохта шуд. Маблағгузори сохтмон шаҳрдории Душанбе ва сохтмончӣ “Ориён-групп” мебошад, ки муассисаш “Ориёнбонк” аст ва ба Ҳасан Асадуллозода таъаллуқ дорад. Нақшаи он аз тарафи “Ростовгидрошахт”-и Ростови Русия сохта шуда, аз тарафи ҶСК «Научно-исследовательский и проектно-изыскательский институт САНИИОСП» мураттаб шудааст.

Ширкати чинии ТВЕА маблағгузории сохтмони 8 мактабро ба дӯш гирифт. Озмуни сохтмони ин мактабро албатта ширкати дигари Асадуллозода “Союз Сохтмон” бурд, тарроҳи онҳо бошад идораи давлатии “Меъморӣ ва сохтмон” аст. Нархи миёнаи сохтмони ин мактабҳо 30 миллион сомонӣ мебошад.

Як мактаби дигаре, ки дар кушодани он “Пешвои миллат” бо қайчияш ҳузур дошт, мактаби рақами 33-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои 640 хонанда аст. Фармоишгари сохтмон Дирексия оид ба сохтмони иншооти давлатии Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон ва иҷрокунандаи он ҶСК “СТС-Иншоот”-и шаҳри Душанбе аст. Барои сохтмони ин мактаб 19 миллион сомонӣ (2.2 миллион доллар) масраф шудааст.

“СТС-Иншоот” ва Раёсати сохтмони ҷамъиятии “Ориёнбонк” хиштҳои аввали биноҳои бисёрошёнаро дар Хоруғу Данғара ва дигар шаҳрҳои кишвар гузоштаанд.

Як ширкат бо номи “Меъмор” ҳам, ки ба таъмири иншооти давлатӣ машғул аст, ба ҳасан Асадуллозода таъаллуқ дорад.

Фарқи пули давлат ва пули домод  

Ҳасан танҳо сохтмончӣ аз наздикони Раисҷумҳур нест. Аксари домоду ҷияну қудоҳои раисҷумҳур ба ин кор машғуланд. Қисме аз онҳо агар иншооти давлатиро месозанду таъмир мекунанд, қисми дигар ба сохтани иншооти ғайридавлатӣ ва тиҷорӣ машғуланд. Муҳимтарин фарқи сохтмони иншооти давлативу тиҷорӣ нархи онҳост, ки чанд баробар аст.

Барои мисол “соҳибкори ватандӯст”, молики ҶСП “Фароз” ва “Тоҷиквнештранс”, домоди раисҷумҳур Шамсулло Соҳибов ҳам ба сохтмон машғул аст. Сохтмонҳое, ки “Фароз” анҷом медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон “намунаи олии ҳамкории  давлат ва бахши хусусӣ” меномад.

“Тоҷиквнештранс” алъон ба сохтмони терминали ҳамлу нақл дар қисми шимолии Душанбе дар майдони 5,8 гектар машғул аст. Тибқи гузориши сомонаи Раисҷумҳур “дар ин терминал анборҳои нигоҳдории молу маҳсулот, таваққуфгоҳҳо барои воситаҳои нақлиёти боркаш ва мусофиркаш, меҳмонхона, маркази логистикӣ, нуқтаҳои савдо ва дигар марказҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла, маркази таъмири воситаҳои нақлиёт ва дигар инфрасохтори зарурӣ бо тамоми шароити зарурӣ барои ронандагону мусофирон ва меҳмонон аз дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат фароҳам оварда мешаванд.”

Нархи ин сохтмони бузург, ки ба “Фароз” таъаллуқ дошта шахсӣ аст, бо ин ҳама биноҳову инфрасохторҳо дар масоҳати бузург, ҳатто ними нархи як мактабе нест, ки Ҳасан Асадуллозода месозад. Зеро маблағи сохтмони мактабҳо аз ҳисоби буҷаи давлат ё қарзу грантҳо пардохт мешаванд, аммо маблағи сохтмони терминал аз ҳисоби “Фароз”, ки ба домоди раисҷумҳур таъаллуқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон бо қайчияш дар ифтитоҳи як корхонаи дигари домоди “ватандӯст”-аш ширкат кардааст. Ин корхонаи металургии Ҳисор аст, ки дар майдони 15 гектар сохта шудааст. Сохтмони ин корхонаи дорои 6 сехи истеҳсолӣ, бо қудрати коркарди 200 ҳазор тонна маҳсулоти маъданӣ дар як сол, ки дар назар дорад 1500 нафарро ба ҷои кор таъмин кунад, бо харид, овардан ва насби таҷҳизоти навтарин аз Русия 250 миллион сомонӣ тамом шудааст. Маблағи он аз ҳисоби “Фароз” аст.

Даромади садмиллионии Ҳасан аз сохтмони як бино

Аммо бо ҳамин маблағ аз пули давлат Ҳасан Асадуллозода ва дигар сохтмончиёни Оила се бинои истиқоматӣ, ки зикраш дар боло рафт (138,5 миллион) ва Академияи вазорати дохиларо (117 миллион) сохтаанд.

Барои дақиқтар шудани масъала ба таҳқиқи се бинои 138 миллион сомонӣ мепардозем. Ин бино бо фармоиши шаҳрдорӣ сохта шудааст ва табиист, ки Ҳасан Асадуллозода мисли бахши хусусӣ замини онро нахаридааст.

Фарҳод, як соҳибкори тоҷик, ки то “кудато”-и Ҳоҷӣ Ҳалим ба сохтмони хонаҳо дар Душанбе машғул буд, баъди он “кудато” бинобар хешӣ доштанаш ба яке аз боздоштшудагон маҷбур ба фирор шудааст. Ӯ мегӯяд то охири соли 2015 нархи ҳар як метри квадратии хонаҳои бисёрошёна дар Душанбе 250-300 доллар тамом мешуд. Пуррифоҳтарин хонаҳо ҳам, ки бо супориши нафарони сарватманд сохта мешуд, қимати метри квадратиаш аз 400 доллар болотар намерафт.

Ӯ мегӯяд сар аз тирамоҳи соли 2015, ки қурби сомонӣ бо шиддат рӯ ба коҳиш овард, ҳазинаи хонаҳо ҳам поён рафтанд. Ба ин амр поён рафтани нархи семент ва арматура — маҳсулоти асосии сохтмон ба ҳисоби доллар сабаб шудааст. Фарҳод мутмаин аст, ки аз ин ҳисоб ҳазинаи ин се бинои сохтаи Ҳасан Асадуллозода ҳам ҳади ақал 15 дарсад арзонтар тамом шудаанд. Яъне агар он хонаҳо пуррифоҳтарин хонаҳои Душанбе ҳам бошанд ҳади аксар ҳар метри квадратиашон 350 долларӣ тамом шудаанд.

Маҷмааи биноҳои истиқоматии мазкур аз 4 қисм ва 170 хона иборат мебошад. Қисми якум 12 ошёна буда, дорои 30 хонаи сеҳуҷрагӣ аст. Масоҳати умумии он 3869 метри мураббаъро ташкил мекунад. Блоки 2 — юм 14 ошёна бо 36 хонаи сеҳуҷрагӣ дар масоҳати 4633 метри мураббаъ сохта шудааст. Блоки 3 — юм аз 16 ошёна ва 56 хона — 28 адад сеҳуҷрагӣ ва 28 дуҳуҷрагӣ иборат аст. Масоҳати умумии ҳуҷраҳо 5174 метри мураббаъ мебошад. Дар блоки чорум, ки 14 ошёнааст, аз 48 хонаи 24 сеҳуҷрагӣ ва 24 дуҳуҷрагӣ иборат мебошад ва масоҳати умумии хуҷраҳо 4796 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар умум кулли маҷмаъа 18292 метри квадратӣ масоҳат дорад.   

Барои ин сохтмон Асадуллозода аз давлат 138 миллиону 400 ҳазор сомон дарёфт кардааст, ки ба ҳар метри квадратии он 7566 сомонӣ ё 1000 доллар бо курси миёнаи замони сохтмон рост меояд.

 

Ҳатто агар хонаҳои сохтаи Ҳасан хеле пуррифоҳ ҳастанд, ӯ ҳади аксар дар сохтмон 50 миллион масраф кардааст. Додарарӯси раисҷумҳур аз ҳар метри квадратии маҷмаъа 650 доллар ва дар умум ҳудуди 12 миллион доллар ё навад миллион сомонӣ пули давлатро азхуд кардааст. Вобаста аз сифати маҳсулоти истифодашуда дар ин биноҳо ва таъмири дохилии он, ҳаҷми пулҳои азхудкардаи Ҳасан аз сохтмони ин бино метавонад аз 12 то 15 миллион доллар бошад.

Барои муқоиса: Масоҳати маҷмаъаи биноҳои Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, ки ду моҳ баъд аз ифтитоҳи ин биноҳо лентаашро раисҷумҳур буридааст, 15000 метри квадратӣ мебошад. Ва барои сохтану таҷҳизонидани он ҳамагӣ 50 миллион сомонӣ масраф шудааст.

Акнун тасаввур кунед, ки аз он ҳама сохтмону мактабу биноҳои истиқомативу биноҳои маъмурие, ки ин Абӯ Ҳасани  тоҷик месозад, чӣ қадар пули миллатро дуздидааст. Ӯ аз 20 миллион долларе, ки барои сохтмони ин маҷмаъа ҷудо шудааст, тавониста 12-15 миллионашро дуздад. Тасаввур мекунед, ки аз сохтмони масҷиди 100 миллиондоллара чӣ қадар хоҳад дуздид?

Сохтмонҳои оянда

Сохтмони бинову иншоотҳое, ки дар боло зикрашон рафт танҳо як банди кӯчаке аз бизнес — империяи бузурги додарарӯси раисҷумҳур Ҳасан Асадуллозода аст. Ва мутаассифона иштиҳои ин “император” ё “кисаи император” торафт бузургтар мешавад. Ҳатто масҷиди 100 миллиондолларӣ ҳам бузургтраин иншоот нест. Ва дуздии масалан 70 миллиони он ба буҷа он қадар зарари бузурге нахоҳад овард. Чун он аз буҷаи давлат набуда, аз ҳисоби давлати Қатар аст.

Чанд иншооти дигар ҳаст, ки ё мустақиман аз ҳисоби буҷаи давлат сохта мешаванд ва ё аз ҳисоби қарзу грантҳои хориҷӣ. Ва сохтмони онҳоро худи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон лобигарӣ мекунад:

  1. Сохтмони маҷмаъаи парлумонӣ ба 230 миллион доллар аз ҳисоби гранти Чин;
  2. Сохтмони Театри миллии Тоҷикистон — 100 миллион доллар аз ҳисоби буҷа;
  3. Сохтмони бинои 36 ошёнаи Хадамоти алоқа ба ивази 100 миллион доллар;
  4. Сохтмони маҷмаъаи варзишии “Пойтахт-90” дар Лучоб — 100 миллион доллар;
  5. — Бинои 13 ошёнаи Донишгоҳи давлатӣ дар Хуҷанд — ҳанӯз сир боқӣ мемонад;
  6. — Бинои 16-ошёнаи Додгоҳи Олӣ — 9 миллион доллар ва ғайра.

Ҳанӯз номҳои пудратчиён ё пудратчии ин биноҳо сиррӣ нигоҳ дошта мешаванд. Вале вақте ки “тоҷири муваффақ” ва сохтмончии бузург Ҳасан Асадуллозода вуҷуд дорад, магар мешавад сохтмони ин биноҳои муҳимро ба каси дигар бовар кард?

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *