Рӯзи душанбе, 5 феврал соҳибкори фаронсавӣ Рашид Наккоз, ки аслаш аз Алҷазоир аст, маблағи ҷаримаи занони мусалмонро, ки барои пӯшидани ниқоб дар Утриш ҷаримабандӣ шуда буданд, пардохт намуд. Илова бар пардохти ҷаримаи ки пештар худашро карда буданд.
Зимни конфронси хабарӣ, ки Наккоз дар назди қароргоҳи сарвазири Утриш дар пойтахти ин кишвар — шаҳри Вена барпо кард, нусхаи расидҳои пардохти ҷаримаҳое, ки ба ӯ ва аз он бонувон барои пӯшидани ниқоб баста буданд, ба хабарнигорон нишон дод. Аз зикри миқдори ҷаримаро соҳибкори фаронсавӣ худдорӣ кард.
Наккоз, ки махсус барои ҳамин кор аз Фаронса ба Утриш рафтааст, илова кард,ки минбаъд ҷаримаи ҳамаи он бонувоне, ки барои пӯшидани ниқоб баста мешаванд, пардохт хоҳад кард.
Наккоз гуфт, мехост бо сарвазири Австрия Себастян Куртс мулоқот намуда дар бораи қонуни манъи ниқоб дар Утриш, ки аз моҳи октябри соли гузашта ба ҳукми амал даромадааст, табодули назар намояд. Вале ӯро ба назди Куртс роҳ надоданд.
Ӯ изҳор кард: «ба зудӣ ба сарвазир нома навишта талаб хоҳам кард, ки мулоқоте барои баҳсу баррасии вазъияти мусалмонони муқими кишвар дошта бошем. Аз ин ба баъд ҳар моҳ мунтазам дар ин хусус ба ӯ нома хоҳам зад».
Ӯ таъкид кард, ки мушкилоти сарзада ба сабаби ихтилофоти фарҳангӣ дар Аврупо, «ҷуз бо роҳи гуфтушунид ва муҳовара роҳи ҳале надорад. Дар акси ҳол ин мушкилот метавонад оянда дар Аврупо бузургтару вахимтар гардад».
Пас аз ҳукми амал гирифтани қонуни манъи ниқоб дар Австрия, Рашид Наккоз дар эътироз ба ин қонун, бо пӯшидани ниқоб вориди ин кишвар гашт ва ӯро ба маблағи 50 евро ҷарима карданд.