Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ шурӯъи мавҷи дуввуми вируси коруно дар Тоҷикистонро баъид намедонад вале мутмаъин аст, ки Тоҷикистон ба он омода аст.
Ӯ гуфт “айни замон дар кишвар ба эътидол омадани вазъи паҳншавии коронавирус ба мушоҳида мерасад. Дар саросари дунё барои пешгӯии мавҷи дуюми пандемияи коронавирус меъёрҳои муайян нестанд. Бо хулоса аз вазъи паҳншавӣ дар кишварҳои ҳамсоя, эҳтимоли мавҷи дуюм дар мо ҳам интизор меравад, лекин замони онро алҳол дақиқ гуфта наметавонем”.
Вазири тандурустӣ дар нишасти матбуотиаш, ки имрӯз, 24 июл баргузор шуд итминон дод, ки мутахассисони соҳаи тандурустӣ ба ҷамъоварии маълумоти эпидемиологӣ оғоз карда, ин масъаларо омӯхта истодаанд.
“Дар робита гуфта метавонам, ки мо хуб омодаем. Айни ҳол миқдори зарурии доруворӣ ва воситаҳои муҳофизати инфиродӣ захира шудааст”, -таъкид кард ӯ.
Таъкиди Абдуллозода ба вуҷуди захираи доруворӣ дар ҳолест, ки қаблан мақомоти кишвар аз доштани зизхираи дусолаи маводи хӯрокӣ ҳарф мезаданд, аммо баробари шурӯъи бӯҳрон ҳукумат натавонист ҳатто нархи ордро нигоҳ дорад.
Ба гуфтаи Абдуллозода, тӯли ним сол ба Тоҷикистон доруворию маводи тиббӣ ва кумакҳои башардӯстона ба маблағи зерин ворид карда шудааст:
— доруворӣ ва маводи тиббӣ ба маблағи умумии 32,7 млн доллар;
— кумаки башардӯстона ба маблағи 8,3 млн доллар (ҳудуди 85 млн сомонӣ);
— маводи тиббӣ барои фурӯш ба маблағи 23,3 млн доллар (ҳудуди 250 млн сомонӣ);
— маводи тиббӣ барои муассисаҳои тиббӣ ба маблағи 1,05 млн доллар (ҳудуди 11 млн сомонӣ).
Гуфтанист, замони шурӯъи паҳншавии бемории COVID-19 баъзе аз доруҳои зиддивирусӣ дар дорухонаҳои кишвар камёфт шуда, қиматионҳо чанд баробар боло рафт.