Узбекистон аз Амрико 38 адад ҳавопаймои разведкавӣ (шиносоӣ) мехарад
Узбекистон дар доираи FMS (Барномаи фурӯши ҳарбии хориҷӣ) 38 адад ҳавопаймои хурди разведкавии RQ-20B Puma 3 AE-и амрикоӣ харидорӣ мекунад. Дар ин бора нашрияи бритониёии Shephard Media хабар додааст.
Қайд карда шуд, ки ҳавопаймоҳои бесарнишин то 30 ноябри соли ҷорӣ аз ҷониби пудратчии дифои амрикоии AeroVironment ба Узбекистон оварда мешаванд. Ба иттилои Shephard Media, арзиши умумии муомила 8,54 миллион доллар ва арзиши як дастгоҳ 225 ҳазор доллар аст.
***
Ба ҷони сарвазир қасд карданд
Хабаргузории Al-Arabiya иттилоъ дод, ки ба мошини Абдулҳамид ал-Дабайба, нахуствазири Либия, дар шаҳри Триполи, пойтахти Либия, афроди ношинос тир паронданд.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки чанд тир ба мошин бархӯрдааст. Ҳанӯз ҳамлагарон боздошт нашудаанд.
Қаблан Абдулҳамид ал-Дабайба тасмими парлумон дар бораи таъини нахуствазири навро рад карда буд.
Ал-Дабайба гуфт, ки мехоҳад интихобот баргузор кунад, аммо нахуст порлумон бояд бо Шӯрои олии давлатӣ мувофиқат кунад. Вай гуфтааст, то замони баргузории «интихоботи воқеӣ» аз мақомаш истеъфо нахоҳад дод.
***
Иёлоти Муттаҳида метавонад сафири Русияро ихроҷ кунад
Сафири Русия дар Амрико Анатолий Антонов гуфт, мақомоти амрикоӣ аз ӯ талаб доранд, ки кишварашонро тарк кунад. Сабабашро вобаста ба муаммои раводид донистаанд.
Антонов гуфт, ки мақомоти амрикоӣ таҳдид мекунанд, ки ӯро ихроҷ мекунанд, агар ба кормандони дипломатии онҳо аз ҷониби Русия раводид надиҳанд. Чунин ҳолат бори аввал ҳам нест.
Вай қаблан гуфта буд, ки Вазорати хориҷаи Амрико масъалаи ихроҷи ӯро дар сурати ба муҳофизони намояндагии дипломатии Амрико дар Маскав раводид надодан, матраҳ карда буд.
***
Русия дар бахши сохтмон ба 1,5 то 2 миллион муҳоҷири кории хориҷӣ эҳтиёҷ дорад. Дар ин бора раиси Ассотсиатсияи миллии бинокорони Русия (НОСТРОЙ) Антон Глушков хабар додааст.
«Саноат нарасидани коргаронро аз сар мегузаронад. Имрӯз мо ҳама эътироф мекунем, ки ин бе қувваи кории хориҷӣ пешбурди кор ғайриимкон аст ” гуфт Антон Глушков.
***
Минтақаи марзии Озарбойчон аз тарафи Арманистон таҳти тирборон қарор гирифт.
Аз хадамоти матбуоти вазири мудофиаи Озарбойҷон хабар доданд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон мавқеъҳои артиши Озарбойҷон дар марзи давлатиро тирборон карданд.
Бино ба хабарҳо, минтақаҳои марзии Озарбойҷон дар ҳудуди деҳаи Шорҷаи Болои Арманистон тӯли чанд соат тирборон карда шуданд. Аз талафоти ҷонӣ маълумоте нест.
«Барои пахш кардани нуктаҳои оташфишонии душман чораҳои дахлдори ҷавобӣ андешида шуданд. Ҳоло вазъият дар ин самт мӯътадил буда, таҳти назорати пурраи Қувваҳои Мусаллаҳи Озарбойҷон қарор дорад.
***
Бузургтарин алмоси сиёҳи ҷаҳон ба маблағи рекордӣ фурӯхта шуд
Дар савдои тарзи музояда, ки дар Лондон баргузор шуд, як алмоси сиёҳи нодири вазнаш 555,55 карат ба қимати 3 миллиону 161 000 фунт (4 292 322 доллар) фурӯхта шуд. Дар ин бора дар вебсайти хонаи музоядаи Sotheby’s дар Лондон хабар доданд.
Sotheby’s дар саҳифаи Твиттер гуфт: «Харидор барои харид аз криптовалют истифода бурд».
Гуфта мешавад, ки ин бузургтарин алмоси канорӣ (қиррадор) дар таърихи музояда мебошад. Онро соли 2006 ба китоби рекордҳои Гиннес шомил карда буданд.
***
Имрӯз, 11 феврал як ҳайати ҳукуматӣ таҳти раҳбарии нахуствазири Қазоқистон Алихон Смаилов бо сафари якрӯза вориди Узбекистон шудаанд.
Дар барнома мулоқот бо Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Арипов ва дигар чорабиниҳои муштарак пешбинӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Алихон Смаилов як моҳ қабл, рӯзи 11 январ раиси ҳукумати Қазоқистон таъин шуда буд.
***
Миллиардери Microsoft Билл Гейтс китобе навишт бо номи «Чӣ гуна аз пандемияи навбатӣ пешгирӣ кардан мумкин аст?»
Гейтс гуфтааст: «Ман дар китоб нафақат дар бораи боздоштани пандемияи навбатӣ, балкӣ бобати беҳтар кардани системаи муассири тандурустӣ дар тамоми ҷаҳон мушаххас навиштам Ба шумо аз дарсу навовариҳое гуфтам, ки мебоист аз пандемияи мазкур омӯзем”
Интизор меравад, ки китоб моҳи майи соли 2022 нашр шавад.
***
РИА Новости: “Дар Камчатка ҳавопаймо суқут кард”
Губернатори Камчатка Владимир Солодов гуфт, ду нафари савори ҳавопаймои Ан-2, ки дар Камчатка суқут кардааст, ҳалок шудаанд.
Субҳи рӯзи ҷумъа шоҳидон хабар доданд, ки як ҳавопаймои сабукрави Ан-2 дар наздикии деҳаи Коряки ноҳияи Елизовский суқут кардааст. Ҳавопаймо, ки ба ҶДММ «Камчатский кречет» тааллуқ дошт, ба самти деҳаи Тимлати ноҳияи Карагин ҳаракат мекард.
Владимир Солодов дар барқия гуфтааст, «Дар он ду ҳайати экипаж буданд, ки тибқи маълумоти пешакии Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ, дар натиҷаи суқути ҳавопаймо ва сӯхтор ба ҳалокат расидаанд.»
Наҷотдиҳандагон ва сӯхторнишонҳо ба ҷои садама ҳозир шуданд. Ҷасади фавтидагон ёфт шуд.