11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Сафири Британияи Кабир дар Арабистон мусалмон шуд (аксҳо)

Саймон Колиз (Simon Collis), сафири Британияи Кабир дар Арабистони Саъудӣ, пас аз мусалмон шудан, бо ҳамроҳи ҳамсараш фаризаи ҳаҷро ба ҷой овард.

Ҳудо Маҷаркиш, ҳамсари сафир, ки пеш аз ин мусалмон будааст, дар сафҳаи Твиттери худ  навиштааст:

“Саймон Колиз, аввалин сафири Британия дар Арабистони Саъудӣ аст, ки пас аз мусалмон шудан, ба ҳамроҳи ҳамсараш дар Макка ҳаҷ баҷо оварданд.”

Саймон Колиз  панҷ фарзанд дорад. Моҳи январи соли 2015 ба унвони сафири Британия дар Арабистони Саъудӣ таъйин шудааст. Ӯ дар соли 1978 пас аз таҳсил дар риштаи забони арабӣ, ба Вазорати хориҷаи Британияи Кабир ба кор даромад.

Саймон Колиз пеш аз ин ҳамчун сафири Британия дар Баҳрайн, Қатар, Ироқ ва Сурия кор кардааст.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *