Categories Хабарҳо

Созмони Ҷаҳонии Тандурусти мегӯяд, ки вазъ дар Аврупо нисбат ба моҳи март ваҳимтар гаштааст.

Дар Аврупо давраи дуюми шуйӯи вируси куруно авҷ дорад. Тибқи маълумоти Донишгоҳи Ҷонс Хопкинс, то имрӯз 18-уми сентябр дар ҷаҳон аллакай 30, 2 миллион нафар ба коронавирус сироят ёфтаанд, 946,3 ҳазор нафар фавтидаанд. Танҳо дар як ҳафтаи охир дар ҷаҳон 300 ҳазор ҳолати нави сироят ба қайд гирифта шуд, гуфт директори минтақавии СҶТ дар Аврупо Ҳанс Клюге. Ҳоло дар бисёре аз кишварҳои Аврупо сатҳи сирояти коронавирус дар чанд моҳи охир баландтарин аст. Моҳи июн шумори сироятёфтагон кам мешуд, аммо дар моҳи сентябр баръаакс бонги хатар таҳдид кард.
Дар Нидерланд сафи сироятёфтагон , ки босуръат мефизояд, номи кишвар аҳиран дар рӯйихати сурхи Бритониё қарор гирифт.
Дар Испания донишҷӯён корпартоӣ карда, аз мақомоти ҳукумат дар мактабу донишгоҳҳо чораҳои бештари амниятӣ талаб доранд. Аз ҷумла, мехоҳаанд, ки стандартҳои тозагӣ ва таъминоти таҷҳизоти муҳофизати шахсӣ барои омӯзгорон риоя шавад. Дар тӯли 24 соати охир 239 нафар аз коронавирус дар кишвар фавтиданд, ки ин бузургтарин шумор аз моҳи июн то ин ҷониб мебошад. Омори сироятёбӣ низ бавижа дар Мадрид афзоиш ёфтааст.
Инчунин дар Фаронса, мардум тадбирҳои андешидаи ҳукуматро барои ҳалли мушкилоти иқтисодӣ нокофӣ мешуморанд. Тибқи пешгӯиҳои мақомот, дар соли 2020 дар маҷмӯъ 800 ҳазор нафар аз кор маҳрум хоҳанд шуд. Дар тӯли 24 соати охир дар Фаронса қариб 10 ҳазор ҳолати нави Covid-19 ба қайд гирифта шудааст.
Дар Олмон теъдоди мубталоён дар 24 соати охир яке аз баландтарин аз моҳи апрели соли равон ба шумор меравад.
Имрӯз 18-уми сентябр дар як қатор шаҳрҳои шимолу шарқи Англия чораҳои иловагии карантин ҷорӣ карда шуд. Таҳлилгоҳҳо дар Англия санҷишҳои коронавирусро саривақт иҷро карда наметавонанд. Дар ҳафтаи аввали моҳи сентябр, танҳо сеяки натиҷаҳои санҷиш дар давоми 24 соат ба даст оварда шуданд. Дар айни замон, дар ҳафтаи охири моҳи август, озмоишгоҳҳо тавонистанд аз се ду ҳиссаи санҷишҳоро коркард кунанд.
Иёлоти Муттаҳида дар шумораи ҳолатҳо ва фавт дар ҷаҳон пешсафиро идома медиҳад — мутаносибан 6,6 миллион гирифторон ва қариб 197 ҳазор нафар фавтидагон.
Чанде пеш Доналд Трамп эълом дошт, ки ваксинаи коронавируси амрикоӣ пас аз се-чор ҳафта омода мешавад. Олимони шӯъбаҳои гуногуни тиббии ИМА даъво доранд, ки президент аз ҳад зиёд шитоб дорад.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *