Рубрики Хабарҳо

Баҳсҳо дар ҳошияи ҷаласаи САҲА. Шакли пурраи баҳси раҳбари ҲНИТ бо собиқ аъзои ҳизб

Баҳсҳо дар ҳошияи ҷаласаи САҲА. Шакли пурраи баҳси раҳбари ҲНИТ бо собиқ аъзои ҲНИТ

Дар ҳошияи нишасти САҲА оид ба андозагирии инсон, байни собиқ аъзои ҲНИТ, ки ба тарафи ҳукумат гузаштаанд — Айёмиддин Сатторов ва Абдураҳим Каримов ва раҳбари он Муҳиддин Кабирӣ баҳс сурат гирифт.

Айёмиддин Сатторов Муҳиддин Кабириро ба гуфтугӯ бо ҳукумат даъват кард. Кабирӣ гуфт ба ҳукумат расонед зиндониёни сиёсӣ ба даст яроқ нагирифтаанд ва бояд озод шаванд. “Зайду Саидумару Маҳмадалӣ яроқ надоштанд. Онҳо гуноҳ надоранд”, — қайд кард раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон.

Каримов бошад ҲНИТ-ро ба ҷангу хунрезӣ ва даъват ба мазҳаби шиъа гунаҳкор кард.

“Шумо яроқ доштед, на ман. Шумо дар Кӯлоб барои ҷаноза дастбагиребон мешудед ва дертар бо яроқ мегаштед, на ман. Ҳамин ки Шумо аз ҳизб ҷудо шудед, наҳзат дигар яроқро надид” — посух дод Кабирӣ.  

Шакли пурраи наворро инҷо бубинед:

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *