Рубрики Хабарҳо

Алим Шерзамонов: Вазъ дар Бадахшон муташанниҷ аст

Алим Шерзамонов, раиси Шӯрои иҷроияи Анҷумани озодандешони Тоҷикистон мегӯяд, ки вазъи Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон муташанниҷ нигоҳ дошта мешавад.

Тибқи гуфтаи ӯ ду ҳафтаи охир дар Хоруғ саркӯби саросарӣ ҷараён дорад. Кумита давлатии амнияти миллӣ талаб дорад, ки мардум 32 нафарро таслим диҳанд. Байни ин 32 нафар онҳое ҳастанд, ки имкони ба хотирашон сар задани ошӯбҳои бузург имкон дорад.

Маҳз киҳоро КДАМ талаб дорад, Шерзамонов тасреҳ накард.

“Мо сокинони Бадахшон ҳеҷ гоҳ худро дар амн эҳсос намекардем. Моро ҳамеша бо ворид кардани нерӯ метарсонданд. Ва ворид ҳам карданд” — изҳор дошт раиси ШИ АОТ.

Ӯ хотиррасон кард, ки сокинони ВМКБ аз лиҳози қавмӣ мутавофут ҳастанд ва кормандони мақомоти интизомӣ аз манотиқи дигар ба онҷо фиристода мешаванд.

“Барои онҳо қонун ба бизнес табдил ёфтааст. Онҳо дар афзоиши ҷиноят алоқаманд ҳастанд, то пули бештаре кор кунанд. Ман метарсам, ки вазъ аз зери контрол хориҷ шавад” — қайд кард Шерзамонов.

Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯзҳо дар Бадахшон қарор дорад. Ба ифтихори ӯ паради низосӣ баргузор гардид ва дар он таҷҳизоти ҳарбие, ки дар Хоруғ қарор дорад, намоиш дода шуд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ифтитоҳи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ, ки бо маблағи шоҳзода Оғохони IV сохта шудааст, бо қайчияш ҳузар дошт. Санги асоси ин донишгоҳ бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон ва шоҳзода гузошта шуда буд, аммо дар ифтитоҳаш шоҳзода ҳузр надошт.

Тибқи муқаррарот низ бояд дар кушодани донишгоҳ раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳ бо Оғохони IV ширкат мекарданд. Шоҳзода чунин донишгоҳҳоро дар Қирғизистону Қазоқистон низ сохта ба истифода додааст. Дар ифтитоҳи ҳардуи он донишгоҳ ӯ шахсан ҳузур дошт, аммо ба Тоҷикистон наомад.

Барои омадани шоҳзода ба Тоҷиикистон даъвати расмии ҳукумати кишвар зарур аст.

Аввалин донишҷӯён дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ соли гузашта қабул карда шуда буданд, вале бинобар ихтилофҳо байни фонди Оғохон ва вазорати маорифи Тоҷикистон ифтитоҳи расмии он як сол баъд аз оғози дарсҳо сурат гирифт.  

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *