Рубрики Хабарҳо

Дар раддабандии гендерӣ Тоҷикистон дар ҷои 114-ум қарор гирифт

Тоҷикистон дар раддабандии нави ҷаҳонӣ аз рӯи фарқияти гендерӣ (The Global Gender Gap Index-2022) дар байни 146 кишвари ҷаҳон дар ҷои 114-ум қарор дорад. Ин дар ҳолест, ки яке аз мавзӯъҳои дӯстдоштаи ҷаласаҳои ҳукумат «баланд бардоштани мавқеъи зан дар ҷомеъа» мебошад.

Ин раддабандӣ аз ҷониби Форуми Ҷаҳонии Иқтисодӣ (WEF) нашр шудааст, ки мавқеъ, ҳуқуқ ва нақши занон ва мардонро дар чаҳор самти асосӣ: маориф, тандурустӣ, иқтисод ва сиёсат инъикос мекунад.

Тоҷикистон аз рӯи ин меъёри таъмини баробарии занон ва мардон дар ҳаёти иқтисодӣ дар ҷои 107-ум аст.

Дар  дастрасӣ ба таҳсилот дар ҷои 117-ум ва аз рӯи имкониятҳо дар соҳаи тандурустӣ дар ҷои 84-ум аст. Аз рӯи меъёри то чи ҳад «соҳиби қудрати сиёсӣ»  будани занон, Тоҷикистон дар ҷои 109-ум мебошад.

Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон дар раддабандии баландтарин – дар ҷои 65-ум қарор дорад. Қирғизистон дар ҷои 86-ум қарор дорад. Узбакистон ва Туркманистон дар ин раддабандӣ нестанд.

Дар раъси радабандӣ се кишвари шимолӣ – Исландия, Финландия ва Норвегия ҳастанд.

Бузургтарин миқёси нобаробарии гендерӣ дар Покистон ва Афғонистон ба қайд гирифта шудааст, ки мутаносибан 145 ва 146-умро ишғол кардаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *