Рубрики Хабарҳо

БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Таърихи таваллуд 31-уми декабри соли 1908 дар деҳаи Исписори Хуҷанди бостон дар оилаи деҳқон ва соли вафот 12-уми июли соли 1977 дар шаҳри Душанбе мебошад (ҳамон ҷо ба хок ҳам супорида шуд). Модараш шоира Розия Озод аст. Ӯ соли 1935 институти рӯзноманигориро хатм намуд. Аз соли 1932 фаъолияти омӯзгориро  дар макотиби олии ҷумҳурии Тоҷикистон пеш мебурд. Директори институти шарқшиносӣ, доктори улуми таърих мебошад. Инчунин чандин вазоифи муҳими мартабаҳои бузурги давронашро бар дӯш дошт. 

Фарзанди барӯманди халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров дар радифи маъруфтарин донишмандони ҷаҳонӣ мақоми шоиста дошта, дар таърихи илм ва тамаддуни башарӣ мероси гаронбаҳо боқӣ гузошта аст. Дар тӯли фаъолияти бисёрсолаю пурсамари илмию тадқиқотиаш беш аз 400 китобу рисола ва мақолоти  пурарзиш таълиф намудааст, ки чанде аз онҳо дар Олмону Россия, Франсия, Полша, Юнону Япония, Эрону Афғонистон, Ҳиндустону Покистон, Чин ва мамолики дигар ба табъ расида, мавриди истифода ва таваҷҷӯҳи олимон қарор гирифтаанд.

Самтҳои умдаи ҳаёту фаъолияти Бобоҷон Ғафуров, нишонрасию натиҷабахшии афкору андешаҳои ӯ таваҷҷӯҳи олмиони кишвар ва бурунмарзиро ба худ ҷалб карда, дар ин робита асару рисолаҳо ва мақолоту очеркҳои муҳимму чашмрас нигошта шудаанд. Ғафуровшиносҳо дар навиштаҳои худ паҳлӯҳои мухталифи фаъолияти илмию эҷодӣ ва натиҷаи умдатарин тадқиқотҳои Бобоҷон Ғафуровро ба  риштаи таҳрир дароварда, саҳми ӯро ҳамчун олими бозаковат, муаррихи нуктасанҷ, ховаршиноси варзида дар рушду такомули илм ва фарҳанги халқи тоҷик нишон додаанд. Дар васфи Бобоҷон Ғафуров адибон асарҳои илмию насрӣ офаридаанд. Осори илмию тадқиқотии ӯ дар библиографияи тоҷик низ инъикос ёфтааст.

Дар ташаккули ҳар як халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки  номи онҳо дар ҳеч давру замон аз хотири мардум фаромӯш намешавад. Хушбахтона, чунин шахсиятҳо дар таърихи тамаддуни миллати тоҷик кам нестанд ва онҳо на танҳо ифтихори миллати мо, балки боиси сарафрозии мардуми олам гардидаанд.

Ин бузургон бо осори гаронбаҳо ва ғояҳои инсонпарваронаи худ дар инкишофи тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштаанд. Ҳар як марҳалаи таърихи халқи тоҷик чунин шахсиятҳои барҷастаро ба арсаи ҷаҳон овардааст. Ҳар кадоми ин бузургон дар соҳаҳои гуногуни илму маърифат, сиёсату таърих, адабиёту санъат чеҳраи тобноке дошта, бо осори пурқимати худ машҳури ҷаҳон шудаанд.

Асри ХХ аз чунин бузургон холӣ набуд. Аз ҷумлаи онҳо фарзанди фарзонаи миллат, ходими номдори давлатию сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров мебошад. Ӯ тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро ба гирдоварӣ ва бузургдошти таърихи миллати тоҷик ба манзури ҷаҳонёин гардонидани он сарф кардааст. Ҳамзамон созмондиҳандаи моҳири соҳаҳои гуногуни илм, аз ҷумла шарқшиносӣ буда, барҳақ, яке аз бунёдгузорони илми муосири тоҷик ба шумор меравад.

Саҳми Бобоҷон Ғафуров дар ҷамъоварӣ ва радабандии сарчашмаҳои муҳими таърихӣ ниҳоят бузург аст. Барои эҷоди шоҳасари безаволи худ «Тоҷикон» ӯ аз захираи басо ғании китобхонаҳои бонуфузтарини мамолики хориҷ осорхонаҳову бойгониҳои машҳури ҷаҳон: Москва, Санкт-Петербург, Париж, Деҳлӣ, Теҳрон, Карочӣ ва ғайраҳо истифода карда осори зиёди чопию қаламиро доир ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик мавриди омӯзишу тадқиқ қарор додаст. Бобоҷон Ғафуров бештар ба тадқиқоту нашрияҳои таърихшиносӣ, бостоншиносӣ, сиккашиносӣ, забоншиносӣ, катибашиносӣ, номашиносӣ, адабиётшиносӣ, ки теъдодашон наздик ба ду ҳазор мерасанд, такя намуда, мулоҳизакорона ва дақиқназарона бо далелҳои муътамади илмию мантиқӣ ба мураккабтарин ва умдатарин воқеъоти таърихӣ равшанӣ андохтааст. «Тоҷикон» ҳамчун манбаи муҳимми таърихнигорӣ ва сарчашмашиносӣ дар ҳаллу фасли муаммоҳои баҳсноки соҳаҳои мухталифи илми таърих мусоидат мекунад.

Академик Бобоҷон Ғафуров узви фахрии Созмонҳои илмии кишварҳои хориҷӣ, доктори фахрии як қатор созмонҳо ва донишгоҳҳои мӯътабари дохилӣ ва хориҷӣ интихоб шуда буд. Ӯ дорандаи  мукофоти байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру ва мукофотҳои давлатҳои хориҷӣ низ буд, аз он ҷумла:

Соли 1961  дар кишвари Гвинея ҳангоми Конгресси байналмилалӣ Раиси Фонди якдилии Осиё ва Африқо интихоб шуд.

Соли 1965  узви Кумитаи доимии Кунгураи байналхалқии эроншиносон (Эрон) интихоб гардид (соли таъсис 1966).

Соли 1967 узви фахрии Ҷамъияти шарқшиносони Полша интихоб шуд (соли таъсис 1922).

1968  узви Шӯрои ҳиндӣ доир ба робитаҳои фарҳангӣ (соли таъсис 1950, Деҳлӣ).

Ҳамон сол ба Ҷоизаи байналхалқии ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру мушарраф гардид.

1969  узви Шӯрои миллии Ҳиндустон оид ба равобити фарангӣ интихоб шуд.

1970  ба унвони ифтихории доктори илми Донишгоҳи мусулмонони Донишгоҳи Алигарҳ (Ҳиндустон) сарфароз гардид (Донишгоҳ соли 1918 таъсис ёфтааст).

1971 узви ифтихории Ҷамъияти Порис-Осиё интихоб шуд (Фаронса,  соли таъсис 1822).

1972 Раиси Кумитаи Шӯравӣ оид ба супоридани ҷоизаи байналхалқӣ ба номи Фирдавсӣ (соли таъсис 1972).

Соли 1972 узви ифтихории Кумитаи байналхалқии  нашри осори бахшида ба таърихи кишварҳои Халиҷи Форс (Эрон). Бозҳамон сол  бо медали 50-солагии Инқилоби Халқии Муғулистон мукофотонида шуд.

 Соли 1973 раиси кумитаи миллии шӯравии асоосиатсияи илмии Уқёнуси Ором интихоб шуд ва ҳамон сол боз  президенти Ассосиатсияи байналхалқӣ оид ба омӯзиши фарҳанги Осиёи Марказии назди ЮНЕСКО интихоб шуд.

 Соли 1973  узви ифтихории Академияи илм ва фарҳанги Босния ва Гертсеговина  интихоб шуд (Югославия, соли таъсис 1966).

1974-ум сол унвони ифтихории доктори илмҳои Донишгоҳи Теҳронро гирифт (Эрон, соли таъсис 1934).

Инчунин ҳамон сол узви фахрии Ҷамъияти Осиё дар Калкутта интихоб шуд (Ҳиндустон, соли таъсис 1784).

1975-ум сол бо нишони Парчами  Сурхи Меҳнати Ҷумҳурии Халқии Муғулистон мукофотонида шуд.

Ҳамон сол  узви ифтихории Ҷамъияти шарқшиносон ба номи Чома де Кёрёши назди Академияи илмҳои Венгрия интихоб шуд.

Соли 1976  бо нишони тиллоии Шӯрои умумиҷаҳонии Сулҳ тақдир карда шуд.

Авохири умри азизаш, чун донишманди бузургу ифтихории миллати тоҷик пай бурд, ки зиндагиаш дар наздикии хотима қарор дорад, ният кард, то ҳамчун мусалмон  вазифаи фармудаи дини мубинро иҷро кунаду зиёрати ҳаҷ ба ҷо орад. Барояш тарҷимони арабидон таъин намуданд, ки то сарзамини Маккаву Мадина ҳамроҳиаш мекард. Ҳангоме ба Макка расид, аҳволаш хеле заъф дошт. Дар вақти тавофи Каъба, ӯро ба тахти равон савор карданд. 

Аз зиёрати Байтуллоҳ ба шаҳри Маскав баргашту наздиктарин дӯстонашро ба утоқи кориаш даъват намуд ва аз ғояти хурсандӣ чунин гуфт:  “ Ин, ки ман котиби якуми КМ ҲКТ будам, арзише надорад. Ин, ки ман узви КМ ҲКИШ будам, низ ҳамчунин. Вале инро, ки ман ҳоҷӣ ҳастам, инро дар деҳаам аҷр мегузоранд. Ҳамин суханонро гуфту рафт ба деҳааш то ҷон ба Ҷонофарин супорад.    

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *