Дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки аз рӯи намуди каратэ-до то 9 сентябр дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, варзишгарони тоҷик иштирок намуда, ҷойҳои сазоворро ишғол намуданд.
Бояд зикр кард, ки дар ин мусобиқа варзишгарони зиёда аз 10 давлати ҷаҳон иштирок намуданд ва барои ба даст овардани медалҳо бо ҳам мубориза бурданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ бо ба даст овардани 1 медали тилло, 2 нуқра ва 4 медали биринҷӣ сазовори мақоми 2-юм гардид.
Ёдовар мешавем, ки имсол варзиши каратэ-до шомили Бозиҳои тобистонаи олимпӣ гардид ва варзишгарони ин ришта дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 метавонанд ширкат варзанд.
Рубрики
Хабарҳо