Мақомоти Тоҷикистон дар гузорише гуфтаанд дар ҷараёни муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон дар моҳи сентябри имсол, дар умум 92 хона комилан вайрон шуда, 322 хонаи дигар осеб дидааст.
Ин гузоришест, ки тибқи иттилоъи Радиои Озодӣ мақомот дар ихтиёри муассисаҳои имдодӣ гузоштаанд. Дар он омадааст, дар муноқишаи рӯзҳои 14-17-уми сентябр 1 мактаб ба тамом аз байн рафта ва 5 мактабу ду масҷид нимавайрон шудаанд.
Бар асоси ин гузориш дар низоъ 41 ғайринизомӣ ҷон бохта ва 204 нафар маҷруҳ шудаанд. То ҳол Радиои Озодӣ бо истифода аз манобеи худ, хешовандон, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мақомоти маҳаллӣ номи 84 ғайринизомӣ ва неруҳои амниятиро гирд овардааст, ки дар муноқиша кушта шудаанд.
Мақомоти Қирғизистон аз талафоти 63 нафар ва маҷруҳ шудани даҳҳо тани дигар гузориш додаанд.