Раванди аъзокунии маҷбурии шаҳрвандон дар корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ба ҲХДТ идома дорад. Як манбаъ ба мо гуфт, ки амр шудааст то ҳамаи коргаронро ба ҳизб аъзо кунем.
«Мо ширкати сохтмонием, маҷбур доранд, ки ҳаммаи кормандонро аъзо кунеду аъзоҳаққӣ супоред. Охир на ҳама узви ҳизб шудан мехоҳанд. Ман 15 сол аст, ки узви ҳизбам, вале ягон қадршиносиро надидам»- гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Ин фарзияро ҳам ахбори сомонаҳои бахши вилоятии ҲХДТ тасдиқ мекунад. Ҳарҷанд, ки чандест, сомонаи марказии ҳизб фаъол нест. Дар сомонаи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз аъзокунии шаҳрвандон дар корхонаҳои истеҳсолӣ ва омўзгорон дар шаҳри Панҷакент иттилоот нашр шудааст. Дар шаҳри Душанбе ҳам аз фронти аъзокунонӣ ба ҳизб қафо намонда, ҳатто табибону беморонро маҷбуран аъзои ҳизб мекунанд. Як манбаъ дар дастгоҳи Марказии ҲХДТ ба мо гуфт, ки муҳим он ки аъзо кунонем ва дар назар аст, ки то охири сол сафи ҳизбиёнро ба 1 миллион расонем.
ҲХДТ яке аз ҳизбони пештози кишвар аст, ки бештар ҳизби яккатози ҳоким муаррифӣ шудааст. Хазинаи ин ҳизбро дар баробари он, ки аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ ҳам саромоягузорӣ мешавад, кумакҳои моливу техникии Хитой ташкил медиҳад. Як манбаь дар дастгоҳи ХХДТ ба мо гуфт, ки бо Ҳизби комунисти Хитой ҳамкории хуб дорем.
«Нисбат ба Русия бо Хитой ҳамкории хуб дорем. Солона то 6 маротиб аъзои ҳизб ба ин кишвар сафар мекунанд. Бо ячейкаҳои ҲК Хитой дар шаҳрҳои мухталиф вомехўранд. Мо ҳам онҳоро ба Тоҷикистон даъват мекунем. Бале онҳо ба мо компютер ва дигар кумакҳои фаннӣ мекунанд. Соли гузашта 15 журналист аз матбуоти ҳизбии моро ба Хитой барои такмили ихтисос бурда буданд»- гуфт манбаъ.
Дар ҳоле, сомона ва матбуоти ҲХДТ расман аз ҳамкориҳои ошкору фарохи ин ҳизб бо ҳизби коммунистҳои Хитой, ки ҳоло сари қудратанд иттилоъ медиҳад, ки ин ҳизб ҳамтоёни худро ба ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷ муттаҳам мекунад. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҲХДТ борҳо дар суханрониҳои расмиаш ҲНИТ, ки ҳоло фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ эълон шудааст, дар ҳамкорӣ бо хориҷиён ва маблағгузории ин ҳизб аз хориҷ гунаҳкор хондааст. Ишораи раиси ҲХДТ ба ҳамкории хуби ҲНИТ бо Эрон аст, ки низоми ин кишвар исломӣ аст. Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ борҳо ин иттиҳоми ҳамкории паси пардагӣ ва гирифтани кумакҳои молиявӣ аз Эрон рад кардааст.
Дар ҳоле, раиси ҲХДТ ва Президент Эмомалӣ Раҳмон рақиби худро барои ҳамкорӣ ва қасди ниятҳои нопок бо кишварҳои хориҷӣ ва яке аз онҳо Эрон муттаҳам мекунад, ки ҳизби худаш бо кишвари хориҷии дигар, оғўши гарм кушодаву солона миллионҳо доллар кумак мегирад. Ҳарчанд тибқи қонун танҳо муносибатҳои ғайрииқтисодӣ бо кишварҳои хориҷа барои аҳзоби сиёсӣ раво дониста шудааст.
Ба гуфти масъулони ҲХДТ теъдоди аъзои ин ҳизб то 1 уми июни соли ҷорӣ ҳудуди 480 ҳазор нафар буд. Дар минтақаҳо низ ба навхонадорон қабл аз гузаштани ташхиси тиббӣ ё никоҳ обунаи маҷбурӣ ба нашрияи «Минбари халқ»-и ҲХДТ ба роҳ монда шудааст. Масъулони сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ (ЗАГС) пеш аз пурсидани ризоияти арусу домод барои ҳамхонадорӣ, пеш аз ҳама шарти аъзои ҲХДТ будани онҳо ва ба нашрияҳои ин ҳизб обуна шуданро ба роҳ мондаанд.
Аз 63 вакили порлумони Тоҷикистон расо 53 нафарашон аъзои ин ҳизб мебошанд.
Дар аксҳо фаолони ҲХДТ дар сафари Чин: